16:30 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (754)
275 0 0

Дар Қирғизистон теъдоди қурбониёни коронавирус рӯ ба афзоиш аст. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 10 дардманди коронавирус ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта дасти кам 10 нафар аз маризони коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ.

Бар хабари манбаъ, дар шаҳри Бишкек аз ин беморӣ ду нафар, ду мард ва ду зан фавтиданд. Синну соли 10 қурбонии ҷадиди коронавирус дар Қирғизистон аз 35 то 81 - сола гуфта мешавад.

Ҳамин тариқ, бо илова шудани 10 мавриди нав, шумораи умумии қурбониёни вируси COVID - 19  дар ин кишвар ба 88 нафар баробар шуд.

Фавти 10 мариз ва олуда шудани 506 нафар ба коронавирус дар Қирғизистон давоми як рӯз

Ёдовар мешавем, рӯзи ҷумъа низ дар Қирғизистон бар асари маризии коронавирус 10 бемор ҷон бохтанд ва 506 нафари дигар тоза ба ин маризӣ гирифтор шуданд.

Ба иттилои ситоди фаврӣ, феълан дар дармонгоҳҳои Қирғизистон 638 мариз қарор доранд, ки 99 бемор дар ҳолати вазнин буда, ҳамчунин 19 нафар дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.

Гузашта аз ин, ҳудуди 3 398 нафари дигар, ки бидуни аломат мубталои ин беморӣ ҳастанд, ба қарантини хонагӣ фаро гирифта шуданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (754)
Барчаспҳо:
маризӣ, фавт, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ