01:20 21 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.21
  • RUB0.13
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
928 0 0

Президенти Қирғизистон имрӯз зимни суханронӣ дар нишасти Жогорку Кенеш, ки дар қароргоҳи давлатии "Ала-арча" ҷараён дорад, қарорашро ироа кард

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Раҳбари Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар нишасти парлумон қарори ба истеъфо рафтанашро ироа кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

"Ба ҳамаи қирғизистониҳо, ки ба ман бовар карданд ва дар давоми се соли президентӣ дастгириям карданд, ба ҳукумат, мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, ки ҳамроҳ кор кардем, ба дастгоҳам, расонаҳо ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ изҳори сипос мекунам. Ба ҳукмати нав, ки масъулияти тақдири мардум ва кишварро бар дӯш гирифтааст, мувафаққият орзумандам", - изҳор дошт Жээнбеков.

Пас аз суханронии президент вакилони Жогорку Кенеш ба пой рост истода, ба ӯ кафкӯбӣ карданд.

Жээнбеков истеъфо дод: "намехоҳам президенте бошам, ки хуни ҳамватанро резонам "

Жээнбеков пештар қарори истеъфо рафтанашро шарҳ дода гуфт, намехоҳад дар таърихи Қирғизистон президенте бошад, ки хун рехта, ба сӯи шаҳрвандони худ тир холӣ кунад.

Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омада, ҳамакнун ҳукумати кӯҳна сарнагун ва мансабдорони нав сари қудрат меоянд.

Барчаспҳо:
президент, истеъфо, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ