04:21 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
61401

Чаҳор нерӯи марзбони Афғонистон бар асари барф ва сармои шадид дар вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи ин кишвар ҷон бохтаанд

ДУШАНБЕ 15 дек - Sputnik. Сухангӯи полиси Бадахшони Афғонистон Саноуллоҳ Руҳонӣ ахиран гуфт, чаҳор марзбон, ки мехостанд аз шаҳристони Шуҳадо ба шаҳристони Ишкошими вилояти Бадахшон бираванд ба далели бориши барф ва тӯфон дар масир нопадид шуданд, - иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” ба нақл аз манобеи маҳаллӣ.

"Нерӯҳои полис ва аҳолии шаҳристони шуҳадо имрӯз (якшанбе) аҷсоди ин чаҳор нерӯи марзиро аз зери барф хориҷ карданд ва ба хонаводаҳояшон таҳвил доданд.", - афзуд вай.

Ҳамлаи террористии даҳшатбор дар Ғазнии Афғонистон: 30 сарбоз кушта шуд

Чанде қабл низ як нерӯи полис бар асари сармо дар бадахшони Афғонистон ҷон бохт.

Ҷанги хунини "Толибон" дар марзи Тоҷикистону Афғонистон: чанд кас қурбон шуданд

Бадахшон хунуктарин вилояти Афғонистон аст, ки ҳамасола даҳҳо нафар бар асари барф, сармо ва тарма ҷони худро аз даст медиҳанд.

Барчаспҳо:
Бадахшон, марзбон, марзбонӣ, ҷасад, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ