18:06 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Моҳпайкар Ёрова дар Алмаато ссоҳиби ҷоиза гардид. Акс аз бойгонӣ

Моҳпайкар Ёрова дар Алмаато соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” гардид

© Фото: Министерство культуры Республики Таджикистан
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Намоишномаи “Шабе дур аз Ватан”-и Нозим Меликов, коргардони шинохтаи тоҷик ҷоизаи "Беҳтарин дуэт"-и шашумин ҷашнвораи байналмилалии “Қазоқистон-дили АвруОсиё”-ро соҳиб шуд.

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Намоишномаи театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов дар ҷашнвораи байналмилалии "Қазоқистон-дили АвруОсиё" соҳиби ҷоиза шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

"Суҳроб Ҷанҷолов, ҳунарманди театри ҷавонони шаҳри Душанбе мегӯяд, Абдумумин Шарифӣ ҷоизаи "Беҳтарин нақши мардона" ва Моҳпайкар Ёрова ҷоизаи "Беҳтарин нақши занона"-и ин ҷашнвораро ба худ ихтисос доданд"-омадааст дар иттилоия.

Ҷашнвораи байналмилалӣ "Қазоқистон-дили АвруОсиё"  24 октябр ба кор оғоз кард.

"Шабе дур аз Ватан" аз сӯи Нозим Меликов, ҳунарманд ва коргардони театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бар ашъори шоир Бозор Собир ба саҳна гузошта шудааст. Ба ин намоишнома худи Бозор Собир ҳам баҳои баланд додааст. Дар ин намоишнома Абдумумин Шарифӣ нақши асосӣ — муҳоҷир ва Моҳпайкар нақши рӯъёро мебозанд.

"Шабе дур аз Ватан" аз ин пеш дар чанд ҷашнвораи байналмилалии театрӣ, бо шумули Русия, Молдов, Қазоқистон ва Қирғизистон намоиш дода ва бо диплому ифтихорномаҳо қадр гардидааст.

Мавзуъ

“Шабе дур аз Ватан”-и театри ҷавонон дар Қазоқистон намоиш дода мешавад
Барчаспҳо:
Шабе дур аз Ватан соҳиби ҷоиза шуд, ҷашнвораи байналмилалии театрӣ, Қазоқистон-дили АвруОсиё, Суҳроб Ҷанҷолов, Абдумумин Шарифӣ, Моҳпайкар Ёрова, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ