00:38 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
011

Филми коргардони тоҷик Умедшо Мирзоширинов-"Мушкилкушо"дар шаҳри Санкт-Петербург намоиш дода мешавад

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Намоиши филми "Мушкилкушо", ки беҳтарин филми тоҷикӣ дар ҷашнвораи "Дидор" дониста шуд, дар шаҳри Петербург баргузор мегардад, хабар медиҳад коргардони филм Умедшо Мирзоширинов дар саҳифаи фейсбуки худ.

Намоиши филми "Мушкилкушо" санаи 25-уми феврал соати 17.00 дар хонаи ҷавонон "Рекорд" дар шаҳри Санкт-Петербург барузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан филми "Мушкилкушо" дар шаҳри Дшанбе, Хоруғ ва Маскав намоиш дода шуд.

Филми "Мушкилкушо" аз як тараф  намоишгари урфу одот, расму русум, ва забонҳои гуногуни мардуми Бадахшон  бошад, аз ҷониби дигар тарғибгари ишқу муҳаббати поки инсонӣ аст.

Кадр из фильма режиссера Умедшо Мирзоширинова, архивное фото
© Фото : из личного архива Умедшо Мирзоширинова
Кадр из фильма режиссера Умедшо Мирзоширинова, архивное фото

Қаблан коргардони филм Умедшо Мирзоширинов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки мақсад дошт тариқи ин филм ишқу муҳаббати покро нишон диҳад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки мақсад дорад намоиши филмро барои ҳамватанони бурунмарзӣ доир намояд.

Мавзуъ

“Қиссаи ишқи пок”: намоиши “Мушкилкушо” тамошобинони Маскавро ба ваҷд овард
Дар Маскав “Мушкилкушо” ва “Сафари ҳавоӣ”-и коргардонони тоҷик намоиш дода мешавад
Коргардони “Мушкилкушо”: Маблағ не, набудани фикри тоза мушкили синамои мост
Барчаспҳо:
намоиши филми "Мушкилкушо", Умедшо Мирзоширинов, Санкт-Петербург

Мавзӯъҳои асосӣ