Ғолиби даври ниҳоии озмуни "Ты супер!" муайян шуд

© © Sputnik / Виталий БелоусовВедущий телевизионного проекта "Ты супер!" Вадим Такменев
Ведущий телевизионного проекта Ты супер! Вадим Такменев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин дафъа дар даври ниҳоии озмуни "Ты супер!" (Ту беҳтаринӣ) якбора ду иштирокчӣ пирӯз шуданд

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ғолибони даври ниҳоии озмуни "Ты супер!" якбора ду овозхони ҷавон Демберел Ооржак ва Анастасия Симоганова шуданд, эълон кард Игор Крутой.

Ҷои панҷумро дар ин озмун Даниил Хачатуров гирифт.

Исми овозхонеро, ки дар мақоми чаҳорум ҷой гирифт, Виктор Дробиш эълон кард. Ин Софя Волошаненко аст.

Мехрона Гайбуллоева на конкурсе Ты супер!  - Sputnik Тоҷикистон
Оштӣ бо дӯстдошта ва Игор Крутой, дуэти нав: "сюрприз"-ҳои Меҳрона дар Маскав

Пеш аз эъломи исми иштироккунандае, ки ҷои сеюмро гирифтааст, овозхон ва довари ин озмун Ёлка гуфт, ки ӯ ҳамаи ширкаткунандагонро дӯст медорад.

Мақоми сеюм насиби Богдан Вандишев шуд.

Ҷои дуюмро Роман Дружинин, гирифт. Исми ӯро Диана Арбенина эълом кард.

Ба ҳамаи ширкаткунандагони даври ниҳоии озмун дипломҳои хотирави "Ты супер!" супорида шуд.

Меҳрона Ғайбуллоева аз даври нимниҳоии шоу-барномаи “Ту беҳтаринӣ!” нагузашт

Ёдовар мешавем, ки дар ин мавсим дар озмуни "Ты супер!" на танҳо кӯдакони ҳунарманде, ки аз ҷониби шабакаи НТВ, России, ва оҷонсии хабарии Sputnik, интихоб шудаанд, балки ширкаткунандагони ду фасли пешини озмун низ ҳунарнамоӣ карданд.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд.

Дуэти нави Меҳрона бо овозхони гурӯҳи ВИА Гра дар "Ты супер!"l

Дар ин мавсими озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0