17:55 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва

Ҷамоати исмоилиёни Маскав рӯзи "Имомат" - ро таҷлил мекунанд

Sputnik / Стас Этвеш
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
990 0 0

Исмоилиёни шаҳри Маскав, рӯзи "Имомат" - ро бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ таҷлил мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Имрӯз ба муносибати 62-юмин солгарди ба тахти Имомат нишастани Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ё рӯзи "Имомат", ки ҳамасола 11 июл таҷлил мешавад, дар Маскав консерт баргузор мешавад.

Раиси ВМКБ аз хизматҳои Оқохони IV, хостаҳои Имом ва озодии исмоилиёни Тоҷикистон гуфт

Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби созмои ҷамъиятии "Нур" роҳандозӣ мешавад.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии созмон, барномаи фарҳангӣ имрӯз, 13 июл, аз соати 18:00 бо вақти Маскав оғоз хоҳад шуд.

Барномаи фарҳангӣ аз ду қисм: намоишгоҳ ва консерт иборат мебошад. Гуфта мешавад, ки барнома дар толори консертии "Вдохновение" баргузор хоҳад шуд.

Оқохони IV - Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севвум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ ба симмати мазкур баргузида шуд.

Завқибеков дар бораи ҷоизагирӣ аз дасти Оқохони IV: ин ифтихори бузург аст

Пайравони мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон аз 200 ҳазор бештар арзёбӣ мегардад, рӯзи 11 июл, 62-юмин солгарди ба тахти имомат нишастани  Оқохони IV, имоми 49-уми худро таҷлил карданд.

Дар ҷашни "Имомат" одатан дар сатҳи маҳалу хонаводаҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ сурат мепазиранд.

Барчаспҳо:
барномаи фарҳангӣ, Маркази исмоилиён, Маскав, консерт

Мавзӯъҳои асосӣ