20:46 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Мулоқоти Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Одри Азуле, мудири кулли ЮНЕСКО дар Ню-Йорк

Расулзода мудири ЮНЕСКО-ро ба ҷашни Саразм даъват кард

сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
80 0 0

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо Одри Азуле, мудири кулли Ташкилоти СММ дар умури маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО, мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти Расулзода бо мудири кулли ЮНЕСКО рӯзи 24 сентябр дар қароргоҳи СММ баргузор шуд.

“Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки сарвазири Тоҷикистон аз мудири кулли ЮНЕСКО даъват кардааст, ки дар ҷашни 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм, ки дар соли 2020 баргузор мегардад, иштирок кунад.

Тибқи қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон, моҳи майи соли равон имзо карда буд, 5500-солагии Саразм 12-уми сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент таҷлил мешавад.

Дар қарори Ҳукумат аз Саразм маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон зикр шудааст. Раисиҷумҳур Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистонро раиси Кумитаи ташкили ҷашни 5500-солагии Саразм таъин карда, ба ҳайати кумитаи ташкилӣ вазирону раисони Кумитаҳоро шомил намудааст.

ҶТ бо кӯмаки молии БОР гузаргоҳи гумрукии “Саразм”-ро бозсозӣ мекунад

Раисиҷумҳур Вазорати фарҳанг, Академияи улум, Ҳукумати маҳаллии Суғд ва мақомоти дигарро барои амалисозии саривақтии чорабиниҳое, ки барои таҷлили 5500-солагии Саразм пешбинӣ шудаанд, муваззаф намудааст.

Барчаспҳо:
сабақи таърихӣ, таърих, Саразм, фарҳанг, Тоҷикистон-СММ

Мавзӯъҳои асосӣ