Соҳиба Давлатшоева дар бораи Чоршанбе Аловатов: "ӯ ифтихори Тоҷикистон аст "

Обуна шудан
Раҳбари ансамбли "Бадахшон" фалаксарои машҳур Соҳиба Давлатшоева ҳунару истеъдоди ҳунарманди ҷавон Чоршанбе Аловатовро арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik, Соҳиба Давлатшоева дастоварди Чоршанбе Аловатов, ки дар озмуни байналмилалии Central Asia Got Talent мақоми аввал ё соҳиби Гран-при 10 ҳазор тангаи қазоқӣ (1, 6 миллион рубли русӣ) шуд, "боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон" хонд.

"Чоршанбе дар ансамбли мо ҳаст. Ақназар Аловатов падари Чоршанбе низ дар гурӯҳи "Бадахшон" фаъолият дорад. Албатта пирӯзии Чоршанбе дар чунин озмуни бонуфуз ифтихори мо аст ин ифтихори кулли мардуми Тоҷикистон аст", - гуфт Соҳиба Давлатшоева дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти Соҳиба, Чоршанбе дар роҳи санъат хеле ҷавон аст ва гомҳои нахустину пурмаҳсули худро дар ҷодаи санъат ниҳода истодааст.

Праздничный концерт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Истиқболи Чоршанбе дар Душанбе: Ӯ гуфт, ин пирӯзии ҳамаи мост-видео

"Ӯ бо вуҷуди ҷавон буданаш ҳамешав роҳи санъатро мепояд. Ӯ дар ҷустуҷӯ ҳаст, мекобад, пайдо мекунад, рӯи навор меорад, сабт мекунад. Ӯ беҳтарин ҳунарманд аст", - гуфт Соҳиба Давлатшоева.

Ёдрас мешавем, ки Чоршанбе Аловатов, овозхони ҷавони тоҷик дар пайи овоздиҳии сокинони Осиёи Марказӣ ғолиби озмуни Central Asia Got Talent ва соҳиби ҷоизаи асосӣ - 10 миллион тангаи қазоқӣ, муодили беш аз 1,6 миллион рубли русӣ эълон гардид. 

Видеои ҳунарнамоии пирӯзиовари Чоршанбе дар финал ва шоҳҷоизаи 1,6 миллион рублӣ

Чоршанбе Аловатов миёни 12 иштирокдори даври ниҳоии Central Asia Got Talent дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ғолиби асосӣ дониста шуд. Ӯ дар пайи эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ дар чор кишвари минтақа ва муаррифияш ба ҳайси ғолиби асосӣ ба ҳамаи ҳаводорон, наздикон ва модараш изҳори сипос гуфт.

Аловатов дар даври ниҳоии озмуни минтақавии истеъдодҳо суруди попурӣ - аввал ба забони итолиёвӣ баъд ба забони тоҷикӣ хонд.

Аловатов гуфт, дар даври ниҳоии озмуни Central Asia Got Talent ба кадом забон месарояд

Чоршанбе Аловатов - Sputnik Тоҷикистон
Чоршанбе Аловатов: ашхоси доро мехоҳанд баҳои ҳунарро арзон кунанд

Чоршанбе ғолиби асосӣ дар сатҳи минтақавӣ эълон гардид. Дар бахши овоздиҳии дохили кишварҳо аз Тоҷикистон гуруҳи рақсии "Падида" пирӯз шуд.

Чоршанбе Аловатов ҳунарманди ҷавон, писари сарояндаи маъруф Ақназар Аловатов мебошад.

Ӯ 7 феравли соли 1998 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар хонаводаи санъаткор ба дунё омадааст. То синфи панҷум дар мактаби шаҳри Хоруғ таҳсил карда, пас аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе, дар мактаби рақами 72-и пойтахт то синфи 9-ум таҳсил кардааст.

Пас аз хатми синфи 9 Чоршанбе ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов супорида, онро дар бахши овозхонӣ хатм мекунад. То имрӯз Чоршанбе ба Узбакистон, Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва шаҳрҳои гуногуни Русия сафар кардаасту мехоҳад боз бештар сайёҳат кунад. Аз ин рӯ айни замон донишҷӯи соли сеюми бахши сайёҳии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0