18:16 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
300 0 0

Муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ аз ҷониби ҳайкалтарош Хушбахт Саъдиев сохта шуда, баландии он бо назардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар маркази ноҳияи Восеи вилояти Хатлон-шаҳраки Ҳулбук президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восеъро ба баҳрабардорӣ расонид ва аз рӯйи лавҳаи рамзии муҷассама парда бардошт.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, ҳайкал бо истифода аз металли ранга сохта шуда, таҳкурсӣ ва атрофи он бо санги хоро оро дода шудааст.

"Баландии муҷассама бо назардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад. Таҷдиди гулгашт ва гузоштани муҷассама дар ин майдон бо саҳми шахсони эҳсонкор ва соҳибкорони хайрхоҳи маҳаллӣ сурат гирифтааст", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, масоҳати умумии гулгашт 1 гектарро ташкил дода, дорои беҳтарин шароит барои истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонон мебошад.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи гулгашти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Аҳмадҷон Ҳулбук" тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии "Манзилию коммуналӣ"-и ноҳияи Восеъ ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ниагара-А" анҷом дода шудаанд.

Дар давраи таҷдиди ин иншооти фарҳангӣ ва гузоштани муҷассамаи Восеъ беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар атрофи муҷассама бо композитсияи бадеӣ 3 фаввораи замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самаранок ва  зебо нигоҳ доштани гулгашт масъулонро муваззаф намудааст.

Барчаспҳо:
муҷассама, муҷассама, Восеъ, Эмомалӣ Раҳмон, Кӯлоб, Ҳулбук

Мавзӯъҳои асосӣ