18:22 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Ҷаласаи СААД. Акс аз бойгонӣ

Ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои аъзои СПАД дар Душанбе

© Sputnik / Валерий Мельников
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД хостори таҳкими марзи ҶТ аст (5)
16 0 0

Шаш нафар аз сарони вазоратхонаҳои хориҷии кишварҳои аъзои СПАД – Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ – равишҳои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳо ба амнияти миллии кишварҳои аъзои созмонро баррасӣ мекунанд. Ҷаласаро ҷониби Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дар музокироти имрӯз, 2 апрел, сарони вазоратхонаҳо ба масоили рушди ҳамкориҳои баъдина дар бахши сиёсат, савдову иқтисод, ҳарбӣ, илмӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард, менависад "Радиои Озодӣ".

Дар ин ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян, Белорус Владимир Макей, Қазоқистон Ерлан Идрисов, Қирғизистон Абдылдаев Эрлан Бекешович ва Русия Сергей Лавров иштирок хоҳанд намуд, менависад сомонаи вазорати корҳои хориҷӣ.

Вазирон дар рафти ҷаласа масъалаҳои муосири сиёсати байналмилалӣ ва иқдомотро ҷиҳати пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар минтақаҳои Амнияти дастаҷамъии СААД муҳокима хоҳанд кард. Барои иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД  Намояндаи амалкунандаи САҲА/Вазири корҳои хориҷии Сербия Ивича Дачич, Роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча ва Директори Маркази  САҲА доир ба пешгирии низоъҳо Адам Кобератский даъват шудаанд.

Ҷаласа зери раҳбарии вазири хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов баргузор мешавад. Тоҷикистон мақоми раҳбарии ин Созмонро декабри соли гузашта аз Русия дарёфт кард.

Дар рӯзномаи Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи СААД тасдиқи Нақшаи  машварати намояндагони давлатҳои аъзои СААД дар ҷодаи сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа дар нимаи дуюми соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ созмони ҳарбию сиёсӣ буда, 15 майи соли 1992 дар Тошкант аз тарафи Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Ӯзбакистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба шароити муосири геополитикӣ мутобиқ кардани ин Аҳднома ва имкониятҳои воқеии истифодаи нерӯ ва воситаҳои дифои дастаҷамъӣ таъсис дода шудааст. Соли 1993  Озарбойҷон, Грузия ва Белорус ба ин Созмон ҳамроҳ гаштанд.

14 майи соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ табдил дода шуд. Оинномаи СААД-ро Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ 7 октябри соли 2002 дар Кишинев ба имзо расонид ва ин ҳуҷҷат 18 сентябри соли 2003 эътибор пайдо кард.

Давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд.

Имсол Тоҷикистон раёсати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро ба уҳда дорад.

Соли ҷорӣ ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва нишасти ниҳодҳои ойинномавии СААД — Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа, Кумитаи дабирони Шӯрои амният ва нишасти дигар ниҳодҳои корӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Мавзуҳо:
Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД хостори таҳкими марзи ҶТ аст (5)
Барчаспҳо:
пешгирӣ, равобит, муносибат, хатар, гуфтугӯ, амният, сиёсат, хориҷӣ, ҷаласа, СААД, СММ, САҲА, Ерлан Идрисов, Владимир Макей, Эдвард Налбандян, Сергей Лавров, Сироҷиддин Аслов, Белорус, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Душанбе, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ