17:10 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Барои размоишҳои муштарак 100 сарбози нерӯҳои махсуси Чин вориди Тоҷикистон шуданд.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Бо ҳадафи ширкат дар як тамрини якҷоя бо нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ 100 сарбози Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ба Тоҷикистон сафар карданд, менависад "Радиои Озодӣ".

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи машқгоҳи ҳарбӣ дар дараи Ромит
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Қарор аст, нерӯҳои вижаи ду кишвар дар яке аз минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон як размоиши зиддитеррористӣ баргузор кунанд. Тамринҳо дар машқгоҳи нави ҳарбии Тоҷикистон дар мавзеи "Марғоб"-и дараи Ромит сурат мегиранд, ки охири моҳи май ифтитоҳ ёфт.

Ин бори аввал аст, ки нерӯҳои махсуси ду кишвар размоиши муштаракеро дар қаламрави Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Дар гузашта сарбозу афсарони Чин дар ҳайати нерӯҳои амниятии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар ҳудуди Тоҷикистон, Чин ва кишварҳои дигари узв ширкат доштаанд. Аммо бино бар созишномаи моҳи августи соли 2013 миёни Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти умумии Чин қувваҳои дохилиии ду кишвар машқҳои муштараки дуҷониба баргузор мекунанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷараёни размоишро вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Рахимзода, вазири амнияти умумии Чин Го Шенкун ҳамчунин ҳамтоҳои онҳо аз Русия, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мушоҳида хоҳанд кард. Ин тамрин дар ҳоле ҷараён мегирад, ки вазирони умури дохилии кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе мулоқот мекунанд.

Масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизим ва ҷиноятҳои кибернитикӣ мавзӯъҳои аслии нишасти сеюми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой дар Душанбе ба шумор меояд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфтааст, дар нишасти Вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай вазирони 8 кишвар ширкат доранд. Ӯзбакистонро дар ин нишаст муовини вазири дохилии он кишвар намояндагӣ мекунад.

Ин нишаст соати 9:00 дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар он вазири бехатарии ҷамъиятии Чин Го Шенкун, муовини вазири корҳои дохилии Ӯзбакистон Қурбанов Б.Н, вазири корҳои дохилии Қазоқистон Қосимов К.Н, вазири умури дохили Қирғизистон Турғунбоев М.Т,  вазири корҳои дохилии Русия Колоколсев В.А ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон  Раҳимзода ширкат мекунанд. Дар ин нишаст ҳамчунин вазирони умури дохилаи Туркия Намик Демир, вазири корҳои дохилии Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири корҳои дохилии Афғонистон Нурулҳақ Улумӣ ҳузур доранд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, фаъол шудани гурӯҳои террористӣ ва тундгароӣ дар минтақа боиси он шудааст, ки шаҳрвандони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон бо роҳҳои мухталиф, аз ҷумла ба воситаи интернет, ба ин гурӯҳҳо ҷалб шаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳадафи нишаст, мушаххас кардани роҳҳои беҳтари мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз кӯшишҳои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои минтақа ба созмонҳои террористӣ мебошад. Нишасти сеюми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзи шанбеи 6 июн низ идома хоҳад кард.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як созмони минтақавӣ иборат аз 11 кишвар аст, ки дар ҳоли ҳозир Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон аъзои аслии он ва Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Муғулистон аъзои нозири он ба шумор мераванд. Ҳадафи ин созмон, густариши ҳамкориҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв мебошад.

Барчаспҳо:
созишномаи моҳи августи соли 2013, якҷоя, минтақаҳои кӯҳӣ, машқҳои ҳарбӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Марғоб, Ромит, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ