00:54 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии ВКД. 24 июли соли 2015

Раҳимзода ва Розенблум ислоҳоти милитсияро баррасӣ карданд

Предоставлено Мавзуной Абдуллоевой
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Дар ин нишаст доир ба рафти ислоҳоти милитсия ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ сӯҳбат кардаанд.

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо муовини ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА Дениел Розенблум  ҳамкориҳои мақомоти милиса бо ИМА-ро мавриди баррасӣ қарор додаанд, омадааст дар хабари сомонаи ин ниҳод.

Аснои мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстеремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ ба баррасӣ гирифта шуд.

Ба иттилоъи манбаъ, Раҳимзода аз ҳамкориҳои вазорат бо сафорати ИМА ситоиш карда гуфтааст, ки аз ҷониби Сафорати ИМА ба мақомоти корҳои дохилӣ пайваста кӯмакҳои техникӣ расонида мешавад, ки ин таҷҳизотҳо барои мубориза бо ҷинояткорӣ ва терроризм мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин, дар ин нишаст доир ба рафти ислоҳоти милитсия ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ сӯҳбат кардаанд.

Дипломати амрикоӣ сафараш ба Тоҷикистонро аз вилояти Суғд оғоз карда, дар шаҳри Қайроққум аз Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа намуда буд.

Барчаспҳо:
таҳкими ҳамкориҳо, ислоҳоти милиса, Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД, мулоқоти вазир бо ёвари вазири умури хориҷаи ИМА, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Дениел Розенблум, Рамазон Раҳимзода, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ