10:30 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
На месте катастрофы сгоревшего самолета в аэропорту Шереметьево

Ҳавопаймои SSJ100 пеш аз фоҷиа аз муоинаи техникӣ нагузашта буд

Следственный комитет РФ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
172 0 0

Маълум шудаст, ки чанде пеш аз фоҷиа, ҳамопаймои Sukhoi Superjet 100 дар фурудгоҳи Саратов нишаста будааст

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ҳавопаймои оташгирифтаи Sukhoi Superjet 100 пеш аз фоҷиа дар Шереметово, дар фурудгоҳи Саратов сӯзишворӣ пур кардааст.

РИА Новости, бо такя ба хадамоти матбуотии "Саратовские авиалинии" менависад, ки ҳавопаймо сӯзишворӣ пур кардааст, вале аз муоинаи техникӣ нагузаштааст.

Чанд соат пеш аз анҷоми парвоз, ҳавопаймо барои пур кардани сӯзишворӣ дар Саратов нишастааст.

"Дар ширкати "Саратовские авиалинии" муоинаи техникии ҳавопаймои Sukhoi Superjet 100 бо рақами қайди RA-89098-и хатсайри парвози SU1360 ва SU1361 дар масири Маскав-Саратов-Маскав, рӯзи  5 майи соли 2019 гузаронида нашудааст. "Саратовские авиалинии" танҳо барои пешвоз ва гусели киштиҳои ҳавоӣ ҷавобгар аст",-омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки коршиносон, касбияти пасти халабонон ва диспечер, нуқси техникии ҳавопаймо, касбияти пасти нозирони қисми техникӣ ва номусоидии боду ҳаворо аз сабабҳои сӯхтор медонанд.

Қаҳрамонии халабони SSJ-100: барои наҷоти ҳамтояш худро ба коми оташ андохт

Дар паи фоҷиаи Шереметово як ҷавони тоҷикистонӣ-Фатҳуддин Қурбонбекзода, ҳам қурбон шуд. Ӯ зодаи вилояти Хатлони Тоҷикистон аст.

Сабаби аниқтари фоҷиаи Шереметово маълум шуд

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, Қурбонбекзода дорои шаҳрвандии Русия буда, ҳамагӣ 28 сол доштааст. 

То ҳол мақомоти тафтишотии Русия ҳалокати 41 нафарро дар пайи фуруди изтирории “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметево тасдиқ намудаанд. Ба иттилои РИА Новости аз 78 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо қарор доштаанд, 37 нафар, аз ҷумла 33 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо наҷот ёфтаанд.

Ором! навор аз дохили ҳавопаймои оташгирифта дар Шереметово – видео

Ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” шоми 5 май аз Маскав сӯи Мурманск баланд шуду пас аз 28 дақиқаи парвоз ба Шереметево баргашт.

Ҳайати халабонҳо гуфтанд, ки дар пайи зарбаи раъду барқ дастгоҳҳои электронии ҳавопаймо корношоям шуда, онҳо водор ба бозгашти изтирорӣ ба Маскав шудаанд. Зимни нишасти изтирорӣ ва бархӯрд ба замин дастгоҳи чархаи ҳавопаймо шикаста, қисмати қафои ҳавопаймо аз соиш бо замин оташ гирифтаст.

Мавзӯъҳои асосӣ