10:33 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Суд по делу журналиста К. Вышинского в Киеве

Додгоҳи Киев ҳабси Вишинскийро тамдид кард

© Sputnik / Стрингер
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
42 0 0

Додгоҳи шаҳри Киев, ҳабси Кирилл Вишинскийро то 19 сентбяри соли 2019 тамдид карду то 16 сентябр барои муҳокимаи парвандаи ӯ таътил эълон намуд

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Подолск, раҳбари РИА Новости Украина - Кирилл Вишинскийро аз маҳбас озод накард. 

Додгоҳи Киев дар бораи тамдиди ҳабси Вишинский то 19 сентябри соли 2019 қарор баровард. Дар баробари ин то 16 сентябр барои муҳокимаи парвандаи ӯ таътил эълон шуд.

Худи Вишинский гуфта буд, ки дар сурати озод шудан, ба кору фаъолияти пешинааш машғул мешавад.

"Дар сурати озод шудан ҳамааш аз уҳдадориҳои шахсӣ вобаста хоҳад буд. Албатта, ман мехоҳам ба корам дар касбам, ки солҳост машғул ҳастам идома диҳам", - гуфт Вишинский.

Қазияи боздошти раҳбари "РИА Новости-Украина" Кирилл Вишинский. Навор

Вале додгоҳ ӯро озод накард.

Тазоҳурот дар Маскав: барои пуштибонӣ аз рӯзноманигори РИА Новости

Ҳомиятгари Вишинский қасд дорад, аз болои ин қарори додгоҳ шикоят барад.

Кирилл Вишинский 15-уми майи соли 2018  дастгир шуд. Хадамоти амнияти Украина эълом кард, ки ӯро дар хиёнат ба давлат айбдор мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ