07:06 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Президент России Владимир Путин прибыл в Кыргызстан с государственным визитом

Путин бо раисҷумҳури Қирғизистон дар Оренбург дидор мекунад

© Пресс-служба президента Кыргызстана
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
152 0 0

Дидор ва мулоқоти раисҷумҳурони Русия ва Қирғизистон дар доираи размоиши ҳарбии "Марказ - 2019" сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Интизор меравад, дар вилояти Оренбурги русия  раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин бо ҳамтои қирғизи худ Сооронбей Жээнбеков  дидор ва гуфтугӯ мекунад, хабар медиҳад котиботи президенти Русия.

Сухангӯйи дафтари матбуоти президент Дмитрий Песков мегӯяд, дидори раисҷумҳурон рӯзи 20 - уми сентябр баргузор хоҳад шуд.

Путин ва Раҳмон метавонанд дар размоиши бузурги низомӣ "Марказ-2019" иштирок намоянд

Маврид ба зикр аст, ки қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор намуда буд, ки аз рафти тамрини низомии "Марказ - 2019" бевосита худаш омада дидан мекунад.

Дар размоишгоҳи Оренбург феълан беш аз 128 ҳазор низомиён аз кишварҳое чун, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой ва Покистон тамрини ҳарбӣ гузашта истодаанд.

Посух ба ҳамлаи 100 ҷангҷӯ ба марзи Тоҷикистон: гузориши аксӣ аз размоиш

Размоиши "Марказ - 2019" рӯзи 21 - уми сентябр анҷом меёбад. Зимни тамринот истифода аз 20 ҳазор техникаю силоҳ, ҳудуди 600 ҳавопаймо ва 15 киштӣ дар назар аст.

Барчаспҳо:
размоиш, мулоқот, раисҷумҳурон, Қирғизистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ