ВКД: ронандаҳо ба ҳамдигар "сигнал" медиҳанд, дар куҷо нозири БДА истодааст

© Sputnik / Стас ЭтвешСотрудник милиции в Таджикистане
Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони шуъбачаи шаҳри Ваҳдат дар моҳи январи соли равон 4 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилӣ, санҷишҳои мақсадноки кормандони БДА дар шаҳри мазкур маҳз барои пешгирии садамаҳои нохуш ба роҳ монда шудааст.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зебоиро шикаста гурехт ва боздошт шуд

Кормандони шуъбачаи шаҳри Ваҳдат ба хизмати шабонарӯзӣ сафарбар гардида, бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд. 

Бархӯрди 4 худрави "Опел" в ҳалокати 4 мусофир дар як рӯз

Тибқи иттилои ВУД, санҷише, ки аз ҷониби кормандони шуъбачаи БДА дар шаҳри Ваҳдат давоми як соат дар шоҳроҳи мазкур доир карда шуд, якчанд далели суръатафзоӣ ва сабқати нодурусти ронандагони воситаҳои нақлиётро ошкор кард.

"Бархе ронандагон гӯё барои якдигар хидмат мекарда бошанд пас аз гузаштан дар нуқтаи хизматбарии кормандони БДА, ба ронандагони дар самти муқобил ҳаракаткунанда бо аломатҳои махсус, аз қабили равшан намудани чароғак ва ишора намудан бо ангушт якдигарро хабар медиҳанд", - зикр кардааст ин ниҳод.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, чунин хизмати ронандагон бар зарари худи онҳост.

"Зеро баъди гузаштан аз БДА, ронанда бо умеде, ки нуқтаи хизматбарии минбаъдаи кормандонро ронандагони дигар ба ӯ хабар медиҳанд, суръати воситаи нақлиётро баланд менамоянд, ки боиси сар задани садама мегардад", - афзудааст манбаъ.

Ин ниҳод қайд кардааст, ки  ронандагонро мебояд на барои ҷаримабандии кормандони БДА, балки барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии хеш қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоянд.

Лентаи хабарҳо
0