08:55 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Нерӯгоҳи Қайроққум.

Манотиқи ҷануб дар масрафи нерӯи барқ пешсаф аст

© Sputnik / А. Горячев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
13 0 0

Ҳамарӯза ба вилояти Суғд ҳудуди 10 миллион кВт соат нерӯи барқ интиқол мешавад, ки нисбати вилояти Хатлон 25 миллион кВт соат камтар мебошад.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Вилояти Хатлон дар як шабонарӯз беш аз 35 миллион кВт соат нерӯи барқ масраф мекунад, ки нисбати шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд 20 миллион кВт соат бештар аст, омадааст дар гузориши "Бозрасӣ ва огоҳсозии бамавқеъ дар Тоҷикистон" дар моҳи апрели соли 2015.

Масрафкунандаи бузургтарини нерӯи барқ дар Тоҷикистон тибқи маъмул ҷануби кишвар аст, ки ҷамъияташ низ дар кишвар бузургтарин мебошад.

Дар як шабонарӯз ба ҷануби кишвар беш аз 35 миллион кВт соат нерӯи барқ мунтақил мешавад, ба қисмати шимолӣ ҳудуди 10 миллион кВт соат, Душанбе дар як шабонарӯз андаке бештар аз 10 миллион кВт соат барқ масраф мекунад, аммо бузургтарин корхонаи санъатӣ — корхонаи алюминии "ТАЛКО" аз соли 2013 масрафи шабонарӯзии нерӯи барқро то 6 миллион кВт соат пойин бурдааст. Қаблан, то соли 2013 ин рақам то ба 10 миллион кВт соат барқ мерасид.

Тибқи иттилоъи ширкати "Барқи тоҷик", миқдори тавлиди умумии нерӯи барқ дар моҳи марти соли 2015 як миллиарду 557 миллион кВт соат ё ба 50,2 миллион кВт соат нерӯи барқ расидааст. Тавлиди нерӯи барқ дар моҳи марти соли 2015 164,2 миллион кВт соат бештар аз ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки ин нишондод баъд  роҳандозии қисмати аввали маркази тавлиди гармӣ ва барқии "Душанбе-2" ва чархаи дуввуми нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар соли гузашта ба даст омадааст.

Миқдори умумии масрафи нерӯи барқ дар моҳи марти соли 2015 ба 1 миллиарду 484 миллион кВт соат расидааст, ки нисбати моҳи феврали соли ҷорӣ 9,1% бештар аст.

Дар моҳи марти соли 2015 аз нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" таввасути хатҳои интиқоли нерӯи барқи 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон 66,45 миллион кВт соат барқ содир шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,55 миллион кВт соат бештар буда 4,3% миқдори умумии барқи тавлидшуда дар кишварро ташкил мекунад.

Хабар дода мешавад, ки дар авохири моҳи марти соли 2015 мизони об дар обанбори нерӯгоҳи Норак 969,14 метр аз сатҳи баҳр қарор дошт, ки нисбати моҳи феврали соли ҷорӣ 10,77 метр пойинтар аст.

Ҳамзамон маҷрои муттавасити моҳонаи оби рӯдхонаи Вахш дар моҳи марти соли ҷорӣ 252 метр дар як сонияро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 70,3% бештар аст.

Мавзуъ

Интиқоли нерӯи барқ дар кишвар то 18 соат афзоиш дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: камбуди нерӯи барқ мушкилоти №1 дар Тоҷикистон аст
Барчаспҳо:
омори масрафи нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ширкати "Барқи тоҷик", вилояти Суғд, Хатлон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ