07:59 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Бонки марказии Русия мегӯяд, дар давраи семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ФР ба кишварҳои ИДМ тариқи низомҳои пардохт дар маҷмӯъ 914 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тайи се моҳи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо рубли русӣ тариқи низоми байнулмилалии пардохти "Юнистрим" ба андозаи 19% афзуд.

Дар иттилоъияи омории  "Юнистрим" дар ин робита зикр мегардад, ки давоми моҳҳои январ-марти соли 2016 ҳаҷми муомилот бо рубл ҳудуди 50 млрд.-ро ташкил додааст, ки он дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 7% бештар буда, дар ин давра ҳаҷми афзоиши интиқоли маблағҳо ба хориҷи кишвар 11% афзудааст.

"Афзоиши нисбатан бештар дар ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия бо рубл дар кишарҳои зерини ИДМ ба қайд гирифта шудааст: Қирғизистон (+45%), Қазоқистон (+30%) ва Тоҷикистон (+19%)",- менависад манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми интиқоли пул ба кишварҳои хориҷи дур, аз қабили: Чехия (+300%), Туркия (+200%) ва Филиппин (+1300%) зиёд гардидааст.

Тибқи иттилоъи Бонки марказии Русия, семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ тариқи низомҳои пардохт дар маҷмӯъ 914 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Мавзуъ

БМР: интиқоли маблағ ба Тоҷикистон 66% коҳиш ёфт
Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон 65% коҳиш ёфтааст
Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Барчаспҳо:
19% афзуд, интиқоли маблағ, "Юнистрим", Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ