16:50 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Таджикистан и Всемирный банк обсудили будущее Рогунской ГЭС

Аз сармоягузории “Роғун” то таҷдиди “Барқи тоҷик”: мулоқоти БМТ бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

© Пресс-служба национального банка Таджикистана
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
474 0 0

Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ то 10 апрели соли равон дар Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошта, бо мақомоти ҷумҳурӣ як қатор масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти кишварро баррасӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Гоар Гюлуман, масъалаи Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”-ро баррасӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо мақсади баррасии Стратегияи миллии рушд ва омодагии пешакии ҳисоботи таҳлилӣ доир ба оқибатҳои макрофискалии сармоягузорӣ ба Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ташриф овардааст.

Зимни мулоқот тарафҳо дар бораи муайян намудани афзалиятҳои Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии рушд, аз ҷумла барномаҳое, ки тавассути Барномаи шарикӣ бо Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд, муҳокима карда шуд.

“Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз таъмини рушди иқтисодиёт дар солҳои охир сухан карда, доир ба лоиҳаи бузурги стратегӣ – “НБО Роғун” ва манфиатовар будани сохтмони иншооти мазкур на танҳо барои Тоҷикистон, балки фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя ибрози назар намуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

 Инчунин БМТ қайд намудааст, ки Ҷамолиддин Нуралиев аз намояндагони ҳайат барои саҳмгузории Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун институти молиявии бонуфуз дар ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи минбаъдаи лоиҳаи “НБО Роғун” даъват кард.

Зимни мулоқот тарафҳо инчунин доир ба як қатор масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла тамоюли рушди иқтисодиёт, рафти корҳо ва нақшаи маблағгузории НБО “Роғун”, саҳми барориши Евробондҳо дар татбиқи ин лоиҳа, ҷараёни татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи CASA-1000, ислоҳот дар соҳаи энергетика ва соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон, рафти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ғайраҳо табодули назар карданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳайати Бонки ҷаҳонӣ назари худро дар мавриди корҳои зиёди анҷомдодашуда дар татбиқи лоиҳаи бузурги стратегӣ НБО “Роғун” баён карда, имкони мавҷуд будани ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин иншооти стратегӣ, эҳтимолияти дурнамои содироти қувваи барқ дар минтақа, таҷдиди ШСХК “Барқи тоҷик” ва масъалаҳои муҳими иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, сармоягузорӣ, Роғун, мулоқот, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ