09:58 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Визит Шавката Мирзиёева в Душанбе

Бародару ҳамсоя: Раҳмон ва Мирзиёев барои татбиқи тафовуқоти пешин талош мекунанд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
113410

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кишвардори Узбакистон Шавкат Мирзиёев пас аз бозгашт аз Бишкек дар Душанбе дидору мулоқот карданд

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё президенти Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёевро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Дар ҷараёни мулоқот, маҷмуъи васеи муносиботи дӯстию бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии Тоҷикистону Узбакистон баррасӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқоти навбатӣ дар ҳошияи чорабинии сатҳи байналмилалӣ изҳори хушнудӣ карда, меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

"Ҷонибҳо зимни мулоқот дар бораи мавқеи ягонаву устувори давлатҳо ва мардумони кишварҳо барои идомаи рушди муносибатҳои шарикию стратегӣ андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки бо истифода аз боварию эътимоди байниҳамдигарӣ барои ноил гардидан ба татбиқи тавофуқоти пешин талош хоҳанд кард",-омадааст дар хабарнома.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, инчунин дигар ҳамкорӣ соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, муҳокима гардид.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ҳалли мушкилоти сиёсии Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризм, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар ва дигар зуҳуроти нангин дар маркази таваҷҷуҳи сарони давлатҳо карор гирифт.

Дар робита ба таҳкими равобити фарҳангию гуманитарӣ, баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ, “Рӯзи Душанбе дар Тошкент” ва “Рӯзи Тошкент дар Душанбе” зарур шуморида шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки нимаи дуюми имрӯз президенти Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев барои ширкат дар Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё вориди шаҳри Душанбе гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ