15:58 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Долларҳо дар киса, акс аз бойгонӣ

Юсупов, раиси “Гео замин” дар Хуҷанд дар қаллобӣ айбдор мешавад

CC0 / Pixabay
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
834 0 0

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз анҷоми тафтишот алайҳи собиқ мансабдор дар шаҳри Хуҷанд хабар дод

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Юсупов Далерҷон Муродқулович, собиқ роҳбари филиали ҶДММ “Гео замин”-и шаҳри Хуҷанд дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Юсупов ба ҳайси раиси филиали “Гео-замин” моҳҳои апрел-марти соли 2017 аз шаҳрвандон “А” ва “Б” барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани 0,12 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 6000 доллар гирифтааст.

Манбаъ афзуд, ки Юсупов ин маблағро бо роҳи фиреб гирифта, тасарруф намудааст.

Ожонси зидди фасод таъкид намуд, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Юсупов бар асоси моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ, - қаллобӣ анҷом ёфта,  барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Қаблан Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон гуфт, таҳлил нишон медиҳад, ки қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин тамоюли афзоиш дошта, соли 2018 тақрибан 700 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо эътирози прокурорӣ бекор карда шуданд.

Озода Раҳмон зикр намуд, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори Додситонии кулли кишвар Раёсати алоҳида бо 50 воҳиди корӣ барои назорати қонунгузории замин таъсис дода шуд. Дар феҳрасти дастуроте, ки дастгоҳи раисиҷумҳур ба мақомоти додситонӣ ироа кард, назорати қонунгузории замин дар радаи аввал қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ