01:35 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Здание администрации города Хорог, архивное фото

Бонки ҷаҳонӣ шаҳри Хоруғро "рақамӣ" мекунад

© Sputnik / Амир Исаев
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
768 0 0

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов кормандони корпоратсияи байналмилалии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ Морено де Барреда ва Баҳриддин Наҷмуддиновро ба ҳузур пазируфтааст. 

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомотти ВМКБ, раиси вилоят меҳмононро ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хайра мақдам гуфта барои амалишавии барномаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон пирӯзиро таманно намудааст.

Мавзӯи асосии вохӯрӣ - давра ба давра гузаштан аз пардохти нақдӣ ба ғайринақдӣ будааст.

"Гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ, бахусус хароҷотҳо таввасути телефонҳои мобилӣ имконият медиҳад, ки шахс аз хонаи истиқоматӣ, пули барқ, об ва дигар хизматрасониҳоро пардохт намояд", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки барои гузаштан ба пардохти рақамӣ аввал бояд постерминалҳо дар мағозаҳо, меҳмонхонаҳо, марказҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ насб карда шаванд.

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 100 миллион доллар медиҳад

Манбаъ афзуда, ки таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ дар давоми ду рӯз барои амалӣ намудани ин барномаҳо бо роҳбарони ташкилотҳо, корхонаҳо, соҳибкорон ва дигар марказҳои хизматрасонӣ сӯҳбату вохӯриҳоро баргузор менамоянд.

Барчаспҳо:
рақамӣ, пардохти ғайринақдӣ, пардохт, бонкӣ, ВМКБ, Хоруғ, Бонки ҷаҳонӣ

Мавзӯъҳои асосӣ