08:07 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Флаг Таджикистана и Узбекистана, архивное фото

Соҳибкорони Суғд барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ ба Фарғонаи Узбакистон рафтанд

© Sputnik / Рамиз Бахтияров
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, намояндагони палатаи савдо ва мақомоти Суғд барои иштирок дар Форуми байналмилалии “Fergana International Investment Forum — 2019” ба Узбакистон сафар карданд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст, рӯзи 7 август соли равон дар шаҳри Фарғонаи Узбакистон Форуми байналхалқии “Fergana International Investment Forum — 2019” оғоз шуд, ки дар он намояндагони вилояти Суғди Тоҷикистон низ иштирок доранд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳайати намояндагони вилоят, ки ба он соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, масъулини Палатаи савдо ва саноати вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори омма шомиланд, бо роҳбарии муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар дар форуми мазкур ширкат меварзанд.

Тоҷикистон дар Самарқанду Фарғона мактабу кӯдакистон месозад

Манбаъ зикр намудааст, ки ҳадаф аз ташкили форуми байналмилалӣ беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ба ин васила таъмини рушди иқтисодиёт арзёбӣ мешавад.

Зинда бод дӯстӣ!: ҳокими Фарғона меҳмони Хуҷанд шуд

Дар Форуми байналхалқии “Fergana International Investment Forum — 2019” намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Кореяи ҷанубӣ, Чин, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Туркия, Белорус ва ғайраҳо ҳузур доранд.

Ёдрас мешавем, ки Маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда асосан ба ин чор кишвар содирот мешавад.

Вазири тоҷик дар Узбакистон ба масҷид рафту бо “идея” баргашт

Мақсади аслии содироти Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2019 Туркия, Қазоқистон, Узбакистон ва Афғонистон будааст, менависад "Парс тудэй".

Содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба Туркия таи ин муддат 30.3 дарсад ва Қазоқистон 23.2 дарсад аз ҳаҷми куллии содироти колоҳои ин кишвар ба хориҷро ташкил додааст.

Тоҷикистон умдатан ба ин кишварҳо маҳсулоти алминӣ ва алёфи пахта содир мекунад.

Барчаспҳо:
Фарғона, Суғд, тоҷик, соҳибкорон, иштирок, форум, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ