18:13 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Обсуждение вопросов взаимовыгодного сотрудничества с представителями деловых кругов Германии

Соҳибкорони Тоҷикистону Олмон ҳамоиш барпо мекунанд

МИД РТ
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
90 0 0

Дар ҳошияи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ITB 2020 конфронси соҳибкорони Тоҷикистону Олмон барпо хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ин масъаларо рӯзи 5 ноябр сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи тиҷоратии RDHG/LUNO Gruppe  дар ҳошияи барномаи "Муколама бо сафирони кишварҳои Роҳи Абрешим. Тоҷикистон", бо намояндагони доираҳои соҳибкории устонҳои Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн баррасӣ кардааст.  

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷӣ, сафир дар суханронии худ ба ислоҳоти Ҳукумати Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар солҳои ахир таъкид намуда, коркарди нахи пахта ва содироти он, эҷоди занҷираи арзиши истеҳсол дар қаламрави Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ, қувваи арзони корӣ ва дастрасӣ ба бозорҳо, содироти меваи хушк ба Урупо, инчунин коркарди захираҳои табиӣ ва сармоягузорӣ ба зерсохтори сайёҳиро бахшҳои умедбахши ҳамкорӣ барои соҳибкорони олмонӣ номидааст.

Олмон ба бахши кишоварзии Тоҷикистон 10 миллион евро ихтисос медиҳад

Мудири Иттиҳодияи ҳамкориҳо бо Русия ва кишварҳои ИДМ Мирко Новак дар суханронии худ таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ба туфайли талошҳои худ дар шохиси Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ислоҳотгар унвон шуда, ба таври фазоянда ҳамчун "кишвари сабз" ва дорои захираҳои энергетикии фаровону табиати афсонавӣ мавқеъ пайдо карда истодааст.

Масъулини ВУД Тоҷикистону Олмон масъалаи бозпасгардониро баррасӣ намуданд

Бо дарназардошти таваҷҷуҳи доираҳои сайёҳии Олмон барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон қарор шуд, ки дар ҳошияи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ITB 2020 ҳамоиши соҳибкорони ҳар ду кишвар барпо шавад.

Захираҳои арзу тиллои Бонки миллӣ дар бонкҳои Швейтсарияву Олмон захира мешудааст

Барчаспҳо:
Олмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ