00:11 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
29501

“Талко” ё Ширкати алюминиуми тоҷик дар соли 2019 22,6 миллион доллар фоидаи соф ба даст овардааст, аммо эҷоди мушкил аз сӯи кишварҳои минтақа тайи даҳ соли ахир мӯҷиби аз кор афтодани 1522 электролизёр шудааст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар иттилоияи “Талко”, ки дастраси Sputnik Тоҷикистон шудааст ва фаъолияти ширкатро дар соли 2019 хулоса кардааст, омадааст, ки соли 2019 дар корхона ҳаҷми истеҳсоли алюминиум дар қиёс бо 95 ҳазор тони соли 2018 6,1% афзуда, ба 100, 8 ҳазор тон расидааст (зарфияти лоиҳавии корхона солона 517 ҳазор тон аст).

Бино ба ин санад, истеҳсоли анодҳои пухта 2,9%, маҳсулоти алюминӣ барои корхонаҳои Тоҷикистон 48% ва сими ғафси алюминӣ – 38,1% афзоиш ёфтааст. “Талко” мегӯяд, ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар ширкат аз нархи он дар Биржаи Филизоти Лондон (LME) вобаста аст.

 “Нархи миёнаи алюминий дар LME дар соли 2019 нисбат ба соли қаблӣ, ки $2110,1 сари тонро ташкил медод, ба андозаи 15,1% (-$319) ё $1791,1 сари тон поён омад”, - омадааст дар иттилоияи “Талко”.

Бино ба барномае, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон барои истеҳсоли маҳсулоти ҷойгузини воридот ё воридотивазкунанда аз соли 2016 роҳандозӣ мешавад, “Талко” дар ҳамкорӣ бо ду ширкати фаръии худ - “Ноқили Талко” - ву “Алюминсохтмон” ва ҳам “Ноқили Турсунзода”, “Тоҷпроф” – ву корхонаҳои дигар 6 139,40 тон маҳсулот тавлид кардааст, ки дар қиёс бо соли 2018 148% зиёд аст.

 Ин барномаи истеҳсоли маснуоти оташбардор, назири хиштҳои гуногун, кварсит, графити 97-фоиза ва шишаи моеъ аст, ки ашёи хоми онҳо аз каолини маҳаллӣ ва партовҳои саноатии худи “Талко” ба даст омада, қиматашон бамаротиб арзон аст.

“Талко” мегӯяд, дар пайи ин барнома хароҷоти ширкат ба 20 миллион сомонӣ коҳиш ёфта, эҳтиёҷи воридоти ин навъи маҳсулоти воридотивазкунанда пурра аз миён рафтааст. Соли 2019 “Алюминсохтмон”, ширкати фаръии “Талко” ва ширкати мошинсозии Ӯзбекистон “УзавтоТрейлер” корхонаи муштараки “Талко УзавтоТрак” – ро таъсис намуданд, ки 30 мошини боркаш, ду экскаватор ва ду мошини боркунандаро ба бозор ироа карда, ҳудуди 24 миллион сомонӣ ба даст овардааст.

Ширкати алюминиуми тоҷик аввалин корхонаи саноатии Тоҷикистон аст, ки ба хотири шаффофияти фаъолияти худ, аз соли 2010 то ба ҳол аудити молиявии байнулмилалии мустақилро аз сӯи ширкатҳои аудитории Moore Stephens, RSM LLC ва BDO LLC таҷриба мекунад.

“Дар фаъолияти молиявии “Талко” (2006-2018) аз рӯйи нишондодҳои ЕВITDA (даромад то пардохти фоизи кредитӣ, андоз ва истеҳлок (амортизатсия)) камбудии ҷиддӣ ошкор нашуда, низоми кории ширкат рақобатпазир ва фаъолияти истеҳсолии он тибқи дурнамо номурттаб набуда, ба талаботи меъёрҳои байнулмилалии низоми менеҷмент ва тиҷорат мувофиқ мебошад”, - омадааст дар иттилоияи ширкат.

Ҳамин тавр, бино ба натиҷаҳои ин аудит, “Талко” се сол ба ин сӯ фоидаи соф ба даст овардааст, аз ҷумла, соли 2017 – $12,4, 2018 – $76,9 ва 2019 – $22,6 миллион доллар. Ин дар ҳоле, ки солҳои қабл ширкат бо зиён кор мекард, аз ҷумла соли 2015 $60,8 ва 2017 $73,8 миллион доллар зарар дидааст.

“Талко”, бузургтарин муштарии барқи Тоҷикистон, соли 2019 ба 255,93 миллион сомонӣ барқ гирифта, 256,62 миллион ё 100,3% пардохт кардааст. Гардиши тиҷории берунии ширкат соли 2019 318 (воридот $150,7, содирот $167,2) миллион доллар буда, тафовути мусбат $17,2 миллионро ташкил додааст.

Зиён

 “Талко” мегӯяд, соли 2019 як қатор ҳолоти ғайричашмдошт ва новобаста аз “Талко”, аз ҷумла таъхир дар ҳамлу нақли вагонҳои роҳи оҳан ва мошинҳои боркаш дар ҳудуди Туркманистон, ки ба ширкат ашёи хом ва маводи ёрирасон барои алюминийи аввалия мекашонданд, мушкилоти ҷиддӣ пеш омадааст.

“Гилхок, пек ва кокси нафтдор аз қаламрави Ӯзбекистон, бо сабаби фаромадани ярч дар километри 8-уми наздикии истгоҳи роҳи оҳани Ақработ ва Қазоқистон ва эълон шудани ҳолати фавқулодда, таркиши анбори лавозимоти ҳарбӣ дар шаҳри Арис (131 – километрии гузаргоҳи сарҳадии истгоҳи Сариоғош), саривақт ворид нагардиданд”, - омадааст дар иттилоия.

Бино ба ин санад, ин авомил иллати аз кор мондани 90 электролизёр дар соли 2019 гардида, ширкат маҷбур шудааст, ки барои барқарор кардани истеҳсолот ва ба кор андохтани электролизёрҳо тадобири нав ҷӯяд ва 95 электролизёри навро фаъол кунад.

Тибқи иттилои ширкат, тайи даҳ соли охир “бо сабабҳои ба корхона вобастанабуда” зиёда аз 1522 электролизёри амалкунанда (819 адад дар ҳафт соли охир) аз кор мондаанд, ки ҳамоно сабаби аслии пеш омадани ин вазъ саривақт дастрас нашудани ашёи хом ва “амалиёти давлатҳои ҳамсоя оид ба ҳамлу нақли борҳо тавассути роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ аз ҳудуди он кишварҳо мебошад”.

Навсозӣ

Ширкати алюминийи тоҷик 31 марти соли 2020 45 - сола мешавад ва ҳоло маҷбур шудааст, барои навсозии таҷҳизоти фарсудаю кӯҳна маблағҳои ҳангуфтеро ба харҷ расонад. Барномаи навсозие, ки ширкат рӯи даст гирифтааст, то се соли оянда дар се давра амалӣ шуда, насби 432 деги элетролизии ҷадиди каммасраф ва афзоиши иқтидор ба 300 ҳазор тонро дар назар дорад.

“Ҳоло як тон алюминий бо харҷи 22,5 ҳазор кВт барқ, аммо дар дегҳои нав ҳамагӣ бо 13,5 ҳазор кВт ба даст меояд. Ба ҷуз барқ харҷи ашёи хом - гилхок, криолит, фториди алюминий ва анод низ коҳиш ёфта, аз ҳар тони алюминий 300 доллар сарфа ва 1,5 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд”, - омадааст дар иттилоияи “Талко”.

Соли 2019 “Талко” бо ВТБ (Бонки тиҷоратии хориҷии Русия) созишномаи ҳамкорӣ имзо кард, ки бино ба он, бонки русӣ интиқоли солона 200 ҳазор тонн гилхок сармоягузорӣ мекунад. Дар ин сол ширкати тоҷикӣ муваффақ шудааст, бо ширкатҳои лоиҳакашии “Fives Solios” (Фаронса) ва “Riedhammer” (РХ, Олмон) сари навсозии сехи анодпазӣ вориди музокирот шуда, Credit Suisse Bank (Шветсария) ва Бонки Рушди Осиё барои сармоягузори ин тарҳ ҷалб кунад.

Дар сармоягузории як лоиҳаи дигари навсозӣ Бонки савдою саноати Чин (ICBC), Goldman Sachs (ИМА) ва Halyq Bank (Халик бонк, Қазоқистон) – ро низ ҷалб хоҳанд шуд.

Барчаспҳо:
минтақа, мушкил, фоида, фоиданок, "Ширкати Алюминийи Тоҷик", ТАЛКО

Мавзӯъҳои асосӣ