23:47 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бо намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор таъсири коронавирусро ба иқтисод баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Завқизода бо намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии асъор дар Тоҷикистон, Юрий Соболев ва иқтисодчӣ хонум Наиля Менлашева густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.

“Ҷонибҳо вобаста ба тақвияти ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дурнамои нишондҳандаҳои макроиқтисодӣ, такмили модели макроиқтисодӣ, таъмини суботи молиявӣ ва нақшаи зиддибуҳронӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, диверсификатсияи содирот, коронавирус ва тасири он ба иқтисодиёт ва ғайра табодули афкор намуданд”, - хабар дод Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Ба иттилои манбаъ, дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

Баррасии масъалаи коронавирус дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, зарурате барои бастани марз бо Чин ва ҷорӣ намудани маҳдудият барои вуруди шаҳрвандони ин кишварро намебинанд. Мутахассисони чинӣ дар лоиҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон фаъолият доранд.

Тибқи иттилои Ожонси омори Тоҷикистон моҳи январи соли равон додугирифти коло бо Чин афзоиш ёфта, ба 82 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Барчаспҳо:
иқтисод, Чин, молӣ, додугирифт, ошкори вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ