15:57 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
117210

Мавсими даромади чиптафурӯшони хатсайри Тоҷикистон - Русия оғоз нашуда ба анҷом расид. Ин ҳодиса чиптафурӯшонро ғамгин кард

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ҳамасола сар аз авохири моҳи феврал мавсими парвози селаи муҳоҷирони тоҷик ба Русия оғоз мешуд ва замони даромади хуби ширкатҳои чиптафурӯшӣ буд.

Дар ин росто, ҳар сол дар моҳҳои март ва апрел нархи чиптаи ҳавопаймо ду-се баробар гарон мешуду барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ фоидаи хубе меовард.

Вале, имсол коронавирус сенарияи зиндагии муҳоҷирон ва ширкатҳои чиптафурӯшию ҳавопаймоиро дигар кард.

Нархҳои осмонии билет: донишҷӯёни тоҷик бо қатор ба Маскав мераванд

Тибқи қарори Ҳукумати Русия, аз 18 март то 1 май сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави ин кишвар маҳдуд шуд. Дар ин росто, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Русия аз лағви парвозҳои худ хабар доданд.

ВУХ гуфт киҳо аз маҳдудияти сафар ба Русия канор мемонанд

Ҳамин тавр, ширкати ҳавопаймоии Utair парвозҳоро дар масири Сургут-Хуҷанд-Сургут то 30-юми апрел боздошт. Ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" то ҳол хабаре дар бораи қатъи паврозҳо ба Русия, нашр накардаанд.

Ин омил боиси андӯҳи чиптафурӯшон гардид.

"Ду рӯзи охир, тамоман чиптаи самти Душанбе нафурӯхтаем. Имрӯз (манзур аз 17 март - шарҳ аз идора), ки қарор дар бораи манъи вуруди хориҷиён баромад, дигар савдо ҳам нашуд", - гуфт чиптафурӯш дар Маскав ва афзуд, ки аллакай онҳое ҳам, ки барои рӯзҳои наздик аз Маскав ба Тоҷикистон чипта харида буданд, чиптаҳояшонро оҳиста оҳиста бозмегардонанд.

Агар мушкилоти муҳоҷирони мавсимӣ маҳдуд будани сафар ба Русия бошад, барои муҳоҷирони дохили Русия, ки тариқи патент кору фаъолият мекунанд ва бояд ҳар ду сол сарҳадро убур намоянд, мушкили дигаре ба бор овард.

Қазоқистон, ки арзонтарин масир барои убури сарҳад барои муҳоҷирони тоҷик буд, аз 16 март то 15 апрели соли 2020 дар робита ба паҳншавии корнавирус дар кишвараш вазъи фавқуллода эълом намуд ва сарҳадашро баст. 

"Ман ният доштам, ки ҳамин 20 - март ба Қазоқистон сафар кунам. Худатон медонед тариқи ҳавопаймо гарон аст ва ҳама бо мошин ба сарҳад мераванд, вале насиб нашуд. Гуфтам, бало ба пасаш ба Тоҷикистон мераваму пас аз ҳафтае бозмегардам, ки ин роҳ ҳам маҳкам шуд, намедонам чӣ кор кунам. Муҳлати патентам то 15 апрел аст ва бояд то ин замон сарҳад рафта бозгардаму санади нав гирам", - гила дорад, Шерзод, ки панҷ сол боз расман дар яке аз ширкатҳои мобилии Русия кору фаъолият мекунад.

Хушбахтона, то имрӯз дар Тоҷикистон ҳолати гирифторӣ ба вируси навъи КОВИД - 19 ба қайд гирифта нашудааст, вале воҳимаю таҳлукаи мардум баръало эҳсос мешавад.

Сабзина, ки бояд рӯзи ҷамъа, 20 март ба Маскав меомад,  аз сафараш даст кашид. Ӯ мегӯяд даҳҳо нафар аз тарси ҷон барои сироят нашудан ба Маскав намеоянд.

"Ман се рӯз пеш аз парвоз чиптаамро баргардонидам. Ростӣ, дар бораи паҳншавии коронавирус дар кишварҳои хориҷ ва Маскав бисёр хондам ва қарор кардам, ки беҳтар дар Ватанам бимонам. Чандин нафарони дигарро низ медонам, ки чиптаҳояшонро бозгардониданд , - гуфт Сабзина.

Пандемияи коронавирус

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.

Чин мутахассисонашро ба Эрону Ироқ ва Италия фиристодааст. Аммо дар хориҷ аз Чин теъдоди гирифторон ҳамоно дар афзоиш аст.

Вирус то Осиёи марказӣ низ расид.

Барчаспҳо:
чипта, андӯҳ, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ