18:45 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
499 0 0

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар пайравӣ аз иқдоми президент дар ростои мубориза бар зидди бемории сироятии COVID -19, моҳонаи худро ба суратҳисоби фонди маблағгузории пешгирӣ аз коронавирус гузаронид

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Раёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо сарварии раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар пайравӣ аз иқдоми президент, маоши моҳонаи худро ба суратҳисоби фонди маблағгузории пешгирӣ аз вируси сироятии COVID -19 гузаронданд, хабар медиҳад, сомонаи расмии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки тибқи тасмими Раёсати Маҷлиси намояндагон раис, муовини аввал ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон як маоши моҳонаи худро ва вакилони Маҷлиси намояндагон як қисми маоши моҳонаашонро ба ин суратҳисоб интиқол хоҳанд дод.

Манбаъ афзуда, ки роҳбарияти Маҷлиси намояндагон аснои қабули ин тасмим таъкид намуда, ки дар чунин лаҳзаҳои барои мардум душвор вакилони мардумӣ бо тамоми ҳастӣ дар паҳлуи миллату давлати худ буда, талош менамоянд, ки дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада, бо интихобкунандагони худ ҳаммаром бошанд.

Ёдрас мешавем, ки то имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва тобеинаш, раҳбарити Вазорати саноат ва дигар вазоратҳои кишвар маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, таҳвил доданд.

То 4 майи соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19, аз ҷумла 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд ошкор гардид.

Сулаймонзода ҳам маоши як моҳаашро супурд: моҳонаи раисон чанд сомонӣ аст?

Ҳамзамон 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
маош, маблағ, Маҷлиси намояндагон, Парлумон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ