12:47 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
324 0 0

Болоравии асосии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ таъмин карда шуд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik.  Роҳбари Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки вобаста ба сиёсати мутавозини пулию қарзӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи мӯътадил нигоҳ дошта мешавад.

Ба гуфтаи вай, дар нимсолаи аввали соли 2020 афзоиши асосии ММД аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,2 фоиз ва кишоварзӣ 8,2 фоиз таъмин карда шуд.

Ҳамин тавр, ММД-и Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 32,4 миллиард сомониро (3,1 миллиард доллар) ташкил дода, рушди воқеии он 3,5 фоизро ташкил додааст.

Нурмаҳмадзода илова намуд, ки аз моҳи январ то июн таваррум 4,3% -ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ зиёд аст.

Беш аз 22 миллиард: Нуралиев дороии ҳамаи ташкилотҳои молиявии кишварро гуфт

Роҳбари Бонки Миллӣ тавзеҳ дод, ки таваррум асосан ба таъсири пандемияи коронавирус, баста ва маҳдуд шудани ҳаракат дар сарҳади баъзе кишварҳо - шарикони савдо ва инчунин коҳиши содироти маҳсулот, алахусус гандум ва орд вобаста аст.

Ӯ гуфт, обу ҳавои номусоиди баҳори имсол ба коҳишёбии ҳаҷми истеҳсолот, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ низ таъсир расонид.

Баландшавии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла озуқаворӣ низ ба таваррум таъсир расонид, гуфтааст номбурда.

Нурмаҳмадзода қайд кард, ки дар ин давра барои танзими ҳаҷми пул дар муомилот, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ ва идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ 153,1 миллиард сомонӣ амонатҳои шабонарӯзӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 маротиба зиёд аст.

Вай инчунин гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ 60 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки БМТ ба маблағи 7,3 миллиард сомонӣ (708,7 миллиард доллар) баргузор гардид.

Нуралиев гуфт, кадом созмон ба Тоҷикистон чанд пул дод

Дар хулоса раиси Бонки миллӣ гуфт, ки барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи пандемия, меъёри бозтамвил ба андозаи 1 банди фоизӣ то 11,75 фоизи солона паст карда шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ