23:26 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
218 0 0

Конгресс ба ширкатҳои аврупоие, ки бо лоиҳаи "Ҷараёни шимолӣ - 2" алоқаманданд, таҳримҳои нав ҷорӣ карданист

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik, Наталя Дембинская. Амрикоиҳо барои эълони таҳримоти нав алайҳи "Ҷараёни шимолӣ - 2" омодагӣ доранд ва дар айни ҳол худи ИМА калонтарин воридкунандаи нафти русӣ шуд. Тавре яке аз нашрияҳои пешоҳанги таҳлилӣ қайд кардаст, чунин мавқеъгирӣ дурӯягӣ буда, зарур аст, ки хариди мол аз Русия мамнӯъ карда шавад. Аммо ин ба гумон, чун дар ин ҳолат полоишгоҳҳое, ки ба нафти вазнин кор мекунанд, аз фаъолият мемонанд.

Харидори калонтарин

Конгресс ба ширкатҳои аврупоие, ки бо лоиҳаи "Ҷараёни шимолӣ - 2" алоқаманданд,  таҳримҳои нав ҷорӣ карданӣ аст. Ин аллакай бисёр танқид дар Олмон ба вуҷуд овард, Берлин ҳатто бо таҳримҳои ҷавобӣ тарсонд.

Нашрияи мӯътабари таҳлилии амрикоии The National Interest (NI) ишора мекунад, ки ҳамин гуна таассур комилан маълуму равшан аст: дурӯягии Вашингтон ошкор аст. Имсол ИМА харидори калонтарини нафти хоми русӣ шуд, ки 12%-и нафти содиротии Русияро харидаст.

Тибқи маълумоти Хадамоти иттилооти энергетикии Амрико (EIA)  воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба ин кишвар дар панҷ моҳи соли равон 68 миллион бушка ё 9,3 миллион тоннаро ташкил додааст. Дар 16 соли гузашта ин ҳаҷми рекордӣ ҳисоб мешавад.

Муносибати мунофиқона

Дар хадамот шарҳ медиҳанд: расман ИМА дуюм мебошад, чунки Нидерландия 12,19 миллион тонна харидорӣ кардааст. Аммо ин кишвар — макони транзитӣ мебошад, ки аз он ҷой маҳсулоти нафтӣ ба дигар кишварҳои дунё содирот мешаванд. Амрико нафтро барои полоиши худ мехарад ва дар ин чиз Вашингтон рақиб надорад.

Нашрия ин хел роҳро пешниҳод мекунад: воридоти русиро аз рӯи қонун манъ кардан. Масалан Конгресс метавонад таҳримоти молиявиро алайҳи ширкатҳои воридкунанда ҷорӣ кунад.

Аммо чӣ хел инро амалӣ мекунанд, тамоман номаълум аст, чунки ба сабаби таҳримҳои худ зидди дигар давлатҳо, амрикоиҳо комилан тобеи маҳсулоти хоми русӣ шудаанд. Ва инро расмӣ соли гузашта эътироф карданд.

Алтернатива нест

Русия шашум таъминкунандаи нафти хом ба ИМА буд. Ва ба феврали соли 2020 ба ҷои дуюм боло шуд, танҳо Канада пеш гузашт. Амрикоиҳое, ки аз нафти вазнини Венесуэла маҳрум шуданд ва воридот аз Эрон ҳам тез паст шуд, онҳо маҷбур буданд, фавран дигар таъминкунандагонро ёбанд.

Мушкили дар он аст, ки технологияи якчанд полоишгоҳҳо барои истифодаи нафти сабуки ҳавзаҳои нафтии Перм ва Техаси Ғарбӣ имконият надорад. Полоишгоҳҳои Халиҷи Мексика ва Соҳили шарқӣ ба вазъи ногувор дучор шуданд.

Ин корхонаҳо барои навъҳои сулфурӣ сохта шудаанд, барои ҳамин нафти сабук бояд бо нафти вазнин аралаш шавад, ки пеш аз Венесуэла харида мешуд. Аммо моҳи январи соли гузашта Доналд Трамп таҳримот зидди Каракас ҷорӣ кард. Дар натиҷа содироти Венесуэла ба 32% коҳиш ёфтааст — то 1,001 миллион баррел дар як рӯз.

Корхонаҳои амрикоӣ ба эҳтимолияти таваққуф бо сабаби норасоии маҳсулоти хом дучор шуданд. Барои халос шудан аз фалокат, амрикоиҳо диққати худро ба сӯи нафти Urals-и мо равона карданд ва хариди мазутро фаъолона сар карданд.

Соли гузашта Амрико аз Русия 11 миллион тонна мазут ворид кард — ду баробар зиёд нисбат ба соли 2018.

“Ин барои ҷуброн кардани коҳиши таъминоти сӯзишворӣ аз Венесуэла кумак кард” – таъкид карданд таҳлилгарони ширкати амрикоии Vortexa.

Ҳамчун алтернатива метавонист нафти Арабистони Саудӣ шавад, ки аз рӯи таркиби кимиёвӣ монанд аст, аммо саудиҳо нахостанд ҳаҷми истихроҷро зиёд кунанд. Дар натиҷа иқтисод сиёсатро ақиб кашид — амрикоиҳо ба Русия муроҷиат карданд.

Бидуни тавсифҳои муносиб маҳсулоти хоми русӣ нархи ҷолиб дорад. Тибқи маълумоти Вазорати молия, навъи нафти Urals дар моҳи январ-июл ҳудудан 40,32 доллар барои як баррел нарх дошт, лекин дар моҳи январ - июли соли гузашта — 65,27 доллар.

Илова бар ин нархи интиқоли нафт ҳам хеле паст шуд. Ва бо анҷоми карантин талабот ба сӯзишворӣ афзоиш ёфт — одамҳо боз мошинҳоро меронанд ва бо ҳавопаймоҳо парвоз мекунанд.

Дар умум полоишгоҳҳои амрикоӣ маҷбур буданд нафти вазнини русиро бихаранд. Ба ин на бадтаршавии муносибатҳои байнидавлатӣ, на таҳримҳои ҷоришудаи сершумори Вашингтон зидди Маскав халал нарасонданд. Дар ин ҳолат кӯшишҳои пахш кардани "Ҷараёни шимолӣ - 2" боз ҳам аҷоиб метобанд.

Барчаспҳо:
нафткаш, ИМА, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ