16:05 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
159 0 0

Бар асоси лоиҳаи нав қисмҳои роҳҳои Хулбук-Кангурт ва Данғара-Оқмазор дар вилояти Хатлон барқарор мешавад ва инчунин ба занони маҳаллӣ дар кушодани тиҷорати худ кӯмак хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik.  Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 67,49 миллион доллар грантро барои барқарорсозии роҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон ва дастгирии фаъолияти иқтисодии занони ин минтақа тасдиқ кардааст, хабар медиҳаддафтари матбуотии ин бонк.

Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорчӯби лоиҳа ду қитъаи калони роҳи Хатлон дар самти Данғара - Оқмазор бо масоҳати зиёда аз 28 километр ва Хулбук - Кангурт бо дарозии 59,5 километр таъмир карда мешаванд.

Маҳз тавассути онҳо ҳамарӯза ба ҳисоби миёна аз 1,3 то 4 ҳазор мошин мегузарад, зеро ҳарду бахш ҳамроҳ Тоҷикистонро бо кишварҳои Осиё ва Аврупо мепайванданд.

БОР барои дастгирии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон 10 миллион доллар кӯмаки бебозгашт мекунад

Рика Идей, мутахассиси нақлиёти БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ гуфт, ки аксари шабакаҳои роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон хароб шуда, дар ҳолати хатарнок қарор доранд ва ин дар навбати худ, шароити зиндагии мардуми маҳаллиро душвортар мекунад.

"Тоҷикистон барои ҳаракати байналмилалӣ ва дохилии бор ва одамон бештар ба нақлиёти автомобилӣ такя мекунад",- гуфт мутахассис.

Лоиҳаи нав ба таҳкими шабакаи роҳҳои ҷумҳурӣ бо дарназардошти мутобиқшавии тағирёбии иқлим,  хавфҳои офатҳои табиӣ мусоидат намуда, пайвастшавӣ ва рақобатпазирии роҳҳои автомобилгарди кишварро бо долонҳои байналмилалӣ беҳтар менамояд.

БОР барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон иловатан 2,5 миллион доллар медиҳад

Марҳалаи дуюми дастгирии грантӣ кумак ба сокинони вилояти Хатлон хоҳад буд.

"Занон ба барномаи такмили дониши рушди тиҷорат ва малакаҳои идоракунии молиявӣ дар хонаводаҳо тавассути телефонҳои мобилии худ дастрасӣ пайдо мекунанд", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Лоиҳа инчунин дастрасии занонро ба грантҳо барои оғоз намудани тиҷорати худ беҳтар хоҳад кард.

Барчаспҳо:
грант, БОР, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ