01:38 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
50201

Шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши содирот дар соли 2020 Швейтсария, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон будаанд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз кишварҳое, ки ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд ба онҳо мол содир кардааст, ном бурд.

Тибқи иттилои хабаргузории “Авесто”, шарикони асосии содиротии Тоҷикистон давлатҳои Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон шудаанд.

Дар маҷмӯъ тайи соли гузашта дар Тоҷикистон ҳаҷми содирот 1 миллиарду 406 миллион доллар ва воридот 3 миллиарду 150,9 миллион долларро ташкил додааст.

Дар зимн қариб ними содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария рост меояд, ки ҳудуди 49 дарсад аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил додааст.

Таъкид шудааст, ки аз январ то декабри соли 2020 маблағи содирот аз Тоҷикистон ба Швейтсария 688,7 миллион долларро ташкил додааст. Воридот аз ин кишвар муодили 6,7 миллион долллар будааст.

Содирот ба Туркия ҳудуди 14,4 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил дода, ҳаҷми умумии гардиши савдо 322,6 миллион долларро ташкил додааст. Аз ин ба содирот 203 миллион доллар ва ба воридот 119,6 миллион доллар рост меояд.

Истеҳсоли пиёз дар Тоҷикистон якчанд маротиба зиёд шуду картошка бетағйир

Ба феҳрасти молҳои асосии содиротии Тоҷикистон, алюминийи аввалия, пахта, меваҳои хушк ва металҳои қиматбаҳо шомил шудаанд.

Дар бахши воридот Тоҷикистон моли бештарро аз Русия гирифтааст, ки 29,6 дарсади ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Аз Қазоқистон – 24 фоиз, аз Чин – 13,9 фоизи молҳо ворид шудаанд.

Барчаспҳо:
буҷа, даромад, ҳаҷми содирот, Швейтсария, молӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ