20:51 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
60 0 0

Масъулони Идораи андоз дар вилояти Суғд дар бораи паёмадҳои хуруҷи бемории каронавирус таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки чигуна каронавирус ва ё “вируси иқтисодшикан” ба коҳишёбии ҳаҷми савдои хориҷӣ дар шимоли кишвар таъсир расондааст

ДУШАНБЕ, 11 фев – Sputnik. Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд зимни баргузории нишасти матбуотӣ аз камшавии нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ вилоят таъкид кард.

Вай афзуд, ки аз оғози баҳори соли 2020 ба далели хуруҷи бемории COVID-19 сарҳадҳо миёни кишварҳо баста шуданд ва ба маҳзи ин омил коргоҳҳои истеҳсоли ба камбуди мол ва ё баръакс дар роҳи арза намудани масолеҳи тавлидотӣ ба мушкил мувоҷеҳ шуданд.

Бино бар иттилои ӯ, соли 2020 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят бо сабаби хуруҷи бемории коронавирус дар муқоиса ба соли 2019 ба андозаи 375, 1 миллион доллар кам шудааст.

 “Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 1 милиярду 667,6 миллион долларро ташкил намуд. Аз ин ҳиссаи содироти молҳо 353, 8 миллион доллар ё 75, 1 % ва воридоти мол ба 1 милярду 313, 8 миллион доллар ё 83,6% баробар буда, дар умум аз ин ҳисоб каср ё савдои манфӣ ба 960,1 миллион доллар мебошад”, - гуфт Воҳидов.

Бо вуҷуд ин масъулони Идораи андози Суғд дар бораи таъмин гардидани нақшаи қисми даромади буҷҷети давлат таъкид карданд.

Ба иттилоъи ин ниҳод соли 2020 нақшаи андоз дар вилоят ба андозаи 100,7% таъмин гардида, ба ҷойи 2 милярду 908 миллион сомонии пешбинишуда, ба буҷҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷҷетӣ 2 милярду 928,3 миллион сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондодҳои нақшавӣ 20,3 миллион сомонӣ зиёд гуфта мешавад.

“Дар сурати кам нагардидани ҳаҷми савдои хориҷӣ, нишондиҳандаҳои андозӣ боз ҳам аз ин баланд мешуд”, - гуфт Воҳидов.

Соли 2020 шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов иҷрои нақшаи андозро таъмин карда натавонистаанд.

Барчаспҳо:
савдо, тиҷорат, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ