01:24 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
6101

Ректори донишкада Тоҷиддин Асомуддинзода гуфтааст, ин омӯзгорон беунвон будаанд ва бар ивази эшон омӯзгорони унвондор ба кор ҷалб хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Баъд аз аттестатсия ҳудуди 10%-и омӯзгорон ва бархе аз ихтисосҳо дар Донишкадаи исломӣ, ягони мактаби олии диннии Тоҷикистон ихтисор шудааст, менависад оҷонсии TojNews.

Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит гуфтааст, пас аз анҷоми аттестатсия ва бо сабаби баланд бардоштани сатҳи таълим ва сифати хониш ҳудуди 10% омӯзгорони беунвонро ихтисор карда, ба ҷои онҳо омӯзгорон унвондорро ба кор ҷалб мекунанд.

"Гузариш ба низоми таълимии кридитӣ талаб мекунад, ки баъзе соатҳои дарсӣ ихтисор карда шаванд, бино бар ин табиист, ки вақте соатҳои дарсӣ ихтисор мешаванд, теъдоди омӯзгорон низ кам мегарданд", — афзудааст Асомуддинзода.

Айни замон дар Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон факултаи фалсафа ва кафедраҳои педагогӣ амал мекунанд, вале Донишкадаи исломии Тоҷикистон ин ду ихтисосро ба сабаби норасоии кадрҳои баландихтисос аз ҷадвали таълимии худ ихтисор кардааст.

"Ҳеч ихтисоси исломӣ дар ин муассисаи таълимӣ ихтисор нашудааст, вале ба хотири фарогир шудани базаи таълимии донишҷӯён ва дар оянда пайдо кардани ҷои кор баъзе тахассусҳои исломӣ бо улуми дунявӣ якҷоя карда шуданд", — гуфтааст Асомуддинзода.

Дар донишкадаи исломӣ ихтисосҳои улуми исломӣ, улуми қуръонӣ, фиқҳи исломӣ ва фанҳои сирати Паёмбар ва таърихи ислом ба донишҷӯён омӯзонида мешаванд.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит соли 2007 дар заминаи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ таъсис дода шуд.

Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ соли 1997 бо саъю талоши як идда аз рӯҳниёни кишвар ва бо Қарори Анҷумани мусалмонони Тоҷикистон дар мувофиқа бо собиқ Кумитаи оид ба корҳои дин таъсис гардида буд.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди ҷаҳонии донишгоҳҳои исломӣ мебошад.

Барчаспҳо:
беунвон, омӯзгорон, 10 дарсад, ихтисор, Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Тоҷиддин Асомуддинзода, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ