00:19 23 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
177 0 0

Натиҷаи пурраи имтиҳонҳои супоридаи довталабони имсола, санаи 25 уми июл маълум хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Сар аз имрӯз маъракаи имтиҳонсупорӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд.  

Бар хабари Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон, имрӯз довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум, имтиҳони умумӣ – қисми А, ки супоридани он барои ҳамаи довталабон, ҳатмӣ мебошад, супориданд.

Бино ба иттилои манбаъ, қисми А аз се субтест (забони тоҷикӣ; математика; таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ) иборат аст. Барои ҷавоб додан ба суолҳои ин имтиҳон ба довталабон  180 дақиқа вақт ҷудо шудааст.

Русия барои довталабони тоҷик 630 бурсияи таҳсилотӣ ҷудо кард

Гуфта мешавад дар имтиҳони мазкур дасти кам 15 ҳазору 999 нафар довталабон, ки қаблан Маркази миллии тестӣ онҳоро номнавис намуда буд, иштирок намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки имсол дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ, ҳудуди 102 186 нафар довталаб номнавис шудааст. Даври асосии имтиҳонҳо мувофиқи ҷадвали муқарраршуда аз 1 то 13 июли соли равон дар 47 маркази имтиҳонотӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ шуда буданд, баргузор мегардад.

Гузашта аз ин барои ташкил, баргузорӣ ва идораи имтиҳонҳо беш аз 2000 нафар корманди муваққатӣ ҷалб карда шудаанд.

Натиҷаи пурраи имтиҳонҳои супоридаи довталабони имсола, 25 уми июл маълум хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
имтиҳон, довталабон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ