17:29 31 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
40901

Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз оғози санҷишҳои ногаҳонӣ дар муассисаҳои таълимии қаламрави вилоят хабар дод, ки ҳадафи он беҳтар кардани сифати таълим арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik.  Ба иттилои  манбаъ, зимни санҷиш дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, риояи меъёрҳои таҳсил, аз ҷумла иштироки донишҷӯён дар дарсҳо, либоспӯшӣ ва истифода накардан аз нақлиёти шахсӣ санҷида шуд.

“Маблағгузорӣ мушкил, мардум кумак кунад”: вокуниши Ҳукумат ба навори мактаби куҳна-видео

Маъмурини милиса дар пайи санҷиш муайян кардаанд, ки 16 донишҷӯ қоидаҳои сарулибоси тавсиявиро нақз карда, 32 нафар баъди соати 8:00 ба дарсҳо ҳозир шудаанд.

Манбаъ таъкид кард, ки натиҷаи санҷиш барои чоарҷӯӣ ба роҳбарияти донишгоҳ пешниҳод карда мешавад. Ба иттилои РВУД Суғд, чунин санҷишҳо дар донишгоҳу донишкакадаҳои дигар ва коллеҳҷо низ гузаронда хоҳанд шуд

Барчаспҳо:
студент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ