03:15 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
3783 0 0

Ҳанӯз моҳи августи соли равон Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз вазорати маорифу илм хоста буд, ки сари қоидаву маболиғи триместр таҷдиди назар кунад. Ним сол мегузарад, аммо натиҷае нест

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Триместр, як марҳалаи монанд ба “тавонбахшӣ” ё реабилитатсияи донишҷӯён дар раванди таҳсил аст, ки аз сӯи қисми таълим ва садорати факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон ташкил мешавад.

Ин таъбир аз Низоми кредитии таълим берун омада, бо “Низомномаи ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон” (1 октябри соли 2018) ва “Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон” (аз 30 декабри соли 2016), ду санади тасдиқшуда аз сӯи мушовараи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон танзим мешавад.

Тибқи талаботи ин аснод, агар донишҷӯ дар як даври академӣ - ҷамъбасти давраи асосии сессияи имтиҳонӣ - на зиёда аз ду фанни ҳатмӣ баҳои “ғайриқаноатбахш”, ё аз рейтингҳои 1 ва 2 аз 25 хол кам гирифта, иҷозаи супоридани имтиҳони ниҳоиро надорад, ҳамзамон имтиҳонҳоро дар муҳлати як моҳ насупорида ва ё ба таври системанок (зиёда аз 25%) дарсшиканӣ карда бошад, ҳатман дар триместр таҳсил мекунад.

Ҳамзамон, бино ба ин санадҳо, гурӯҳҳое, ки дар триместр аз ин ё он фан дарс мегиранд, набояд аз 8 нафар кам бошанд. Дар акси ҳол, устодон барои аз худ кунонидани барномаи таълимии фан бояд тариқи мусоҳиба ва машғулиятҳои инфиродӣ ба донишҷӯ кӯмак кунанд.

Ҳамин тавр, бино ба ин аснод, музди омӯзгор дар триместр барои машғулиятҳои дарсӣ дар гурӯҳҳо ё дар шакли мусоҳиба ё машғулиятҳои инфиродӣ бо донишҷӯёни қарздор ба тариқи соатбайъ пардохт карда мешавад.

ММТ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд: киҳо аз пардохти хизматрасонӣ озоданд

Ин ҳам дар ҳолест, ки донишҷӯёни гуруҳҳои шартномавӣ пули таҳсилро пардохт мекунанд, аммо дар триместр ба машғулиятҳои такрории дарсии ин ё он фанни таълимӣ низ бояд барои ҳар як кредит маблағи иловагӣ пардохт намоянд.

Расман як соати академӣ 50 дақиқа ва як кредит – 24 соат муайян шудааст. Арзиши аслии як кредит, бино ба низомномаҳои мазкур, ҳосили тақсими ҳаҷми маблағи таҳсили солона ба миқдори кредитҳои пешбинишуда аст ва инро Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти миёна ё олии касбӣ тасдиқ мекунад.

Ба гунаи мисол, дар яке аз донишгоҳҳо як кредит 30 сомонӣ арзиш дорад. Агар донишҷӯ аз 5 фанни таълимӣ дар триместр ба таҳсил ва машғулиятҳои такрорӣ фаро гирифта шавад, як фанни таълимӣ ҳам 3 кредитро ташкил диҳад, ӯ фақат аз як фан 150 сомонӣ ва ҳама фанҳо 450 сомонӣ ба суратҳисоби муассисаи таълимӣ гузаронда, расид (квитансия) ҳам дошта бошад.

Баҳс сари чист?

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон тобистони соли гузашта дар нишасти матбуотии худ гуфта буд, ки ин раванд шаффофият надорад ва мавзӯъ бо мақомоти зидахл ба миён гузошта шудааст.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба масобаи мақомоти ваколатдори давлатӣ нархномаи хизматрасониҳои пулакии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро таҳлил ва иҷозаи онро содир мекунад. Ин идора пешниҳод карда буд, ки дар соли таҳсили 2020 - 2021 тартиби ҳисоб ва муайянсозии арзиши ҳар як кредит таҷдиди назар шавад.

Қабл аз ҳама, тавре дар боло зикр шуд, тибқи муқаррароти фаслҳои 17 – и низомномаҳои фавқуззикр, арзиши аслии як кредит ҳосили тақсими ҳаҷми маблағи таҳсили солона ба миқдори кредитҳои пешбинишуда ҳам барои шакли таҳсили ройгон ва ҳам пулакӣ яксон муайян ва аз сӯи Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти миёна ё олии касбӣ тасдиқ мешавад.

"Аз рӯи харҷнома (калкулятсия) арзиши аслии тайёр кардани як донишҷӯи гурӯҳҳои шартномавӣ аз маблағи шартномаи солонаи таҳсил ба ҳисоби миёна то 45 - 50 фоиз барои пардохти музди меҳнати омӯзгорон харҷ мешавад. Аз рӯи 100 фоиз ҳаҷми умумии маблағи шартномаи солона муайян намудани арзиши як кредит (маблағи триместр)  ва дохил намудани дигар хароҷот ба арзиши он, аз лиҳози иқтисодӣ нодуруст аст", - мегӯяд Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Ин идора мегӯяд, тибқи талаботи низомномаҳои фавқуззикр, гурӯҳҳое, ки ба машғулиятҳои дарсии ин ё он фанни таълимӣ дар триместр фаро гирифта мешаванд, бояд на кам аз 8 нафар бошанд ва дар чунин ҳол маблағе, ки бояд барои як кредит пардохт шавад, масалан, ҳамон 150 сомонӣ миёни 8 нафар тақсим мешавад, чун устод вақти муайяни худро барои 8 нафар харҷ мекунад.

"Ба ин далел ва ба хотири шаффофият дар татбиқи механизми мазкур Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши як кредит барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро аз рӯи ҳамин формула - «маблағи шартномаи солонаи ихтисоси дахлдор/микдори кредит барои ихтисоси дахлдор/8 нафар”, ки теъдоди камтарин барои ҳайати гурӯҳҳое, ки ба машгулиятҳои дарсии ин ё он фанни таьлимӣ фаро гирифта мешаванд (триместр), пешбинӣ мекунад. Дар натиҷа, арзиши як кредит ё маблағи триместр дар муқоиса ба соли таҳсили 2019-2020 чандин маротиба паст шуд", - гуфтанд дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Ба бовари Хадамот, татбиқи чунин тартиби ҳисоби арзиши як кредит сарбории иловагии молиявӣ ба донишҷӯёнро коҳиш дода, пардохти хизматрасониҳои пулакиро ба нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ мутобиқ мекунад, бахусус дар шароити кунунӣ, ки “вируси корона” - COVID-19 дар ҷаҳон, на фақат саломатии инсонҳо, балки рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо ва даромадҳои аҳолиро омоч гирифтааст.

“Қонуну қоидаи ягона нест”

Бо гузашти 6 моҳ аз матраҳ шудани мавзуъ дар ин идора ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки сарвазир,  вазоратҳои адлия, молия, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, маориф ва илм, Палатаи ҳисоб, Академияи миллии илмхо, хатто Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Тоҷикистон ин пешниҳоди Хадамотро “ок” ё таъйид кардаанд ва аз сӯи ҳукумат супориш низ дар ин боб шудааст, аммо вазорати маориф ва илм ҳамоно “мавзӯъро таҳти баррасӣ дорад”. 

Дар ҳамин ҳол, Sputnik Тоҷикистон ин мавзуъро бо масъулин ва донишҷӯёни чанд донишгоҳу донишкадаи кишвар ба миён гузошт ва ҷузъиёти ҷолиберо ба даст овард. Дар ҳоле, ки низомномаҳо ба Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти миёна ё олии касбии донишгоҳу донишкадаҳо ҳаққи муайян кардани шароити триместрро додаанд, ҳар яке аз онҳо бо салоҳдиди худ амал мекунанд.

Ба гунаи мисол, дар яке аз факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳадди ақалли холҳоро 47 ва гуруҳро 12 нафар муайян кардаанд. Дар бархе донишгоҳҳо як маблағи дақиқро барои тамоми триместр таъйин намудаанд, зеро агар тибқи талаботи низомномаҳо кор кунанд, як маблағи ҳангуфте ва бар зарари донишҷӯён тамом мешавад. Соли гузашта ба далели пандемияи “вируси корона” Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳатто тамоми донишҷӯёни қарздорро бахшид.

Вазорат: донишҷӯён барои напардохтани пули таҳсил хориҷ намешаванд

Бархе донишҷӯён гуфтанд, пас аз пардохти қарзҳои худ ба триместр ё мустақим имтиҳонот роҳ ёфтаанд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳам мегӯяд, ин як раванди ношаффоф, бахусус дар қисмати харҷи маболиғи кредитҳои триместр аст ва бояд сари он таҷдиди назар сурат гирад. Аксари ҳамсҳбатони мо бар инанд, ки ё низоми ягона дар тамоми муассисаҳо роҳандозӣ ва ё ин низом аз байн бурда шавад. Дар кулл дар ин робита як бебандуборие ба назар мерасад, ки воқеан, ба баҳогузории воқеӣ ниёз дорад.

Дар ҳамин ҳол, талошҳои мо барои ба даст овардани шарҳи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон натиҷае надоданд. Ҳадди ақал аз ин вазорат ин суол посух мехоҳад, ки чаро супориши сарвазири кишвар то ба ҳол иҷро нашудааст?

Барчаспҳо:
сарвазир, супориш, таҳсил, донишгоҳ, донишгоҳ, Тоҷикистон, Вазорати маориф

Мавзӯъҳои асосӣ