20:06 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Интихобот. Акс аз бойгонӣ

Аграриҳо 14 нафарро ба номзадии вакилӣ ба парлумон пешниҳод сохтанд

© Sputnik / Илья Алексеев
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Аз ҳашт ҳизби сиёсии расман амалкунандаи кишвар шаштои он аллакай рӯйхати номзадҳо ба вакилии парлумонро тасдиқ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҷараёни анҷумани пешазинтихоботии худ эълон кард, 14 нафарро ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ кардааст, иттилоъ медиҳад Авеста.
Дар анҷумани ин ҳизб вакилон Рустам Латифзодаро раиси ин ташкилоти сиёсӣ интихоб кардаанд. Ӯ то ин замон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи райис дар ҲАТ фаъолият мекард.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) соли 1998 таъсис ёфта, пас аз соли 2000-ум аз фаъолият бозмонд. Ин ташкилот дар соли 2005 аз сӯи Вазорати адлия дубора сабти ном шуда, роҳбарии онро Амирқул Азимов ба ӯҳда дошт.

Шумораи аъзои ҲАТ дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2010 ба 15 000 ҳазор мерасид. Баҳори соли равон гуфта мешуд, ин ҳизб 29 780 узв дорад. Бино бар омори мавҷуда Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон 200 000 узв дошта, дар ҷойи аввал ва ҳизби ҳоким аст. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо  40 000 узв дар ҷойи дувум қарор дорад.

То имрӯз ҳизбҳои халқӣ-демократӣ, наҳзати исломӣ, сотсиалистӣ, демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳизби аграрӣ анҷуманҳои худро баргузор намуда, руйхати номзадҳо ба вакилии МН аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро пешниҳод сохтаанд.

ҲКТ ва ҲСДТ то ҳанӯз анҷуманҳои қаблазинтихобиашонро нагузаронидаанд.

Барчаспҳо:
ташкилоти сиёсӣ, вакил, маҷлиси МН, интихобот, ҳизби комунист, ҲАТ, ҲХДТ, ҲНИТ, Амир Қароқулов, Рустам Латифзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ