22:26 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Анҷумани ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ

Раҳбари Ҳизби Демократ дар Панҷакент ба суфуфи ҲНИТ пайваст

Официальная страница ПИВТ в Facebook
Интихобот - 2015
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Ба гуфтаи раҳбари бахши Ҳизби демократ дар Панҷакент пайвастанаш ба дигар ҳизб ба маънии ранҷидагиаш ба раҳбарияти Ҳизби демократ нест.

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Абдулқавӣ Файзиев, ки тӯли 25 сол бахши Ҳизби демократ дар шаҳри Панҷакентро раҳбарӣ мекард, аз вазифааш истеъфо дода ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пайвастааст, хабар медиҳад "TojNews".

"Дар шароити феълӣ ман ба идомаи фаъъолияти сиёсӣ дар суфуфи ҲНИТ авлавият медиҳад", — гуфт Файзиев.

Ба гуфтаи Файзиев, тарки симматаш ҳеҷ рабте ба кори ҳизб ё раҳбарияти он надорад ва ба вазифаи раҳбарии бахши ҳизбӣ писараш Муҳаммадюнус Файзиевро мегузорад, ки номзадиаш аз сӯйи ҷаласаи бахши ҳизб ҷонибдорӣ шуд.

Гузориш шуда буд, ки ҲНИТ номзадии Абдулқавӣ Файзиевро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар интихоботи 1-уми март пешниҳод кардааст.

Гуфта мешавад, ки Файзиев дар замони бунёдгузории Ҳизби демократ буд ва дафтарчаи ҳизбиро шахсан аз дасти Шодмон Юсуф, асосгузори ҳизб гирифтааст. Бо вуҷуди ивази бамаротиби раҳбарият ва коҳиши мзони маҳбубияти он, то ҳол вай суфуфи ҳизбро тарк накарда буд.

Мавзуъ

ҲНИТ рӯйхати номзадҳояшро тасдиқ кард
Барчаспҳо:
интихобот, Ҳизби демократ, Абдулқавӣ Файзиев, Панҷакент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ