05:53 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Мушкили таъмини нерӯи барқ дар Қрим. Акс аз бойгонӣ

Бонки осиёии рушд мониторинги барқро сармоягузорӣ мекунад

© Sputnik / Андрей Иглов
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Ин мониторинг дар доираи Созишномаи «Тарҳи ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» роҳандозӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Тоҷикистон мониторинги сарфаи нерӯи барқ дар кишварро бо сармоягузории Бонки осиёии рушд ба роҳ хоҳад монд, менависад сомонаи парлумон.

Ин мониторинг дар доираи Созишномаи «Тарҳи ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» роҳандозӣ мешавад.

Барномаи мазкур 23 феврал дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуда, ба иҷлосияи навбатӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Сафаралӣ Гулов, муовини раиси Кумитаи оид ба иқтисодиёт ва молияи  Маҷлиси намояндагон ба "Радиои Озодӣ" гуфтааст, банду фаслҳои ин созишнома дар Шӯрои маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки бо татбиқи он Тоҷикистон мониторинги сарфу харҷи барқро дар сартосари кишвар ҷорӣ менамояд.

"Бо насби ҳисобкунакҳои барқӣ ва таҷдиди хатҳои барқ дар бархе истгоҳҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳо аз масрафи барзиёди он ҷилавгирӣ карда хоҳад шуд", — гуфтааст Гулов.

Ин вакил афзудааст, мақсад аз ҷорӣ кардани бозрасӣ ё мониторинги  барқ дар хатҳои баланшиддат ва зеристгоҳҳо таҳти назорат гирифтани сарфаи неруи барқ дар сартосари кишвар буда ва манбаъҳои аслии масрафи барзиёдии барқ ошкор карда хоҳад шуд.

Ӯ гуфтааст, ин система имкон медиҳад ҳатто аз ҷорӣ кардани лимити барқ ҷилавгирӣ шавад ва интиқоли барқ ба мардуми кишвар тақвият ёбад.

Татбиқи тарҳи мазкур бо сармоягузории Бонки осиёии рушд ва ширкати "Барқи тоҷик" сурат хоҳад гирифт.

Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими сармо бо камбуди неруи барқ мувоҷеҳ мешавад. "Барқи тоҷик" — ниҳоди тавзеъкунандаи барқ дар кишвар мегӯяд, барои таъмини сартосарии мардум дар фасли сармо наздики 3 миллиар квт/соат намерасад. Ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бунёди неругоҳи "Роғун" танҳо роҳи таъмини саддарсадии кишвар бо барқ аст.

Мавзуъ

Тоҷикстандарт: "Барқи тоҷик" ба кашолкорӣ роҳ медиҳад
Барчаспҳо:
норасоӣ, ҳисобкунак, камбуд, сармоягузорӣ, барқ, мониторинг, "Барқи тоҷик", Бонки Осиёии Рушд, Сафаралӣ Гулов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ