06:58 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
1196 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон хостори сармоягузории Қатар дар дар бузургтарин тарҳи энергетикии кишвар, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” шудааст

ДУШАНБЕ, 9 янв – Sputnik. Президенти Тоҷикистон зимни як мусоҳибаи маҷозӣ бо рузномаи “Аш-Шарқ”, ки онро сомонаи раисиҷумҳур бознашр кардааст, гуфтааст, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи “сабз” мебошад, метавонад аз муҳиматарин самтҳои дурнамодори ҳамкориҳои мо бошад.

Раисиҷумҳури кишвар бунёди “Роғун”-ро муҳимтарин омили тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва дорои аҳаммияти минтақавӣ хонда, гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон алоқаманд аст, ки ба татбиқи ин тарҳ сармояи кишварҳои дӯст ва бародарро ҷалб намояд.

“Вобаста ба ин гуфтаҳо, аз сармоягузорони Давлати Қатар даъват ба амал меоварам, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҷонибҳо судманд дар соҳаҳои номбаршуда ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо имконоту иқтидорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар кишвари мо аз наздик шинос шаванд”,-гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон.

Ба таъкиди президент, Тоҷикистон дар ин росто омодаа аст, ки минбаъд низ фазои мусоиди сармоягузорӣ ва шароити матлубро барои тавсеаи фаъолиятҳои босамари доираҳои соҳибкории Қатар дар кишвар фароҳам созад.

Ёдовар мешавем, ҳукумати кишвар соли 2020 барои идомаи сохти ин нерӯгоҳ аз буҷет 3 миллиард сомонӣ ихтисос дод, ки дар соли ҷорӣ ба ин манзур 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ ҳазина хоҳад шуд.

Чархаи нахусти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 16 ноябри соли 2018 ба кор даромад.Чархаи дуввумаш бошад, 9 сентябри соли 2019 тавлиди барқро оғоз кард. 

Раҳмон аз миллиардҳои сарфшуда барои бунёди НБО “Роғун” гуфт

НБО “Роғун” аз бузургтарин тарҳҳои Тоҷикистон аст, ки поёни сохтмони он соли 2033 дар назар аст.

Ин нерӯгоҳ бо садди 335 метрӣ ва иқтидори тавлиди 17 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар сол, бузургтарин дар минтақа аст.

Мавзӯъҳои асосӣ