00:15 05 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Энергетика
Гирифтани линки кӯтоҳ
123 0 0

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки коронавирус чандон ба рафти сохтмони иншоотҳои стратегӣ халал нарасондааст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Зувайдзода Маҳмадсаид, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ таъсири COVID - 19 ба сохтмони иншоотҳои стратегии муҳими ҷумҳуриявиро шарҳ дод.

Нохушиҳо дар "Роғун" 3 куштаю 15 маҷруҳ барҷой гузоштаанд

Ба гуфтаи Зувайдзода, дар ҳоли ҳозир дар сохтмони иншоотҳои стратегӣ ҳеҷ мушкилие нест ва коронавирус ба рафти сохтмони НБО "Роғун" таъсире нарасонидааст.

"Мо таҳлил гузарондем. Тибқи таҳлилҳои мо дар ҳоли ҳозир, ҳеҷ мушкилоти қафомонии сохтмонҳо, аз ҷумла дар сохтмони НБО "Роғун", мушоҳида нашудааст", - гуфт Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Зувайдзода Маҳмадсаид таъкид кард, ки сохтмони НБО "Роғун" тибқи нақшаи муқаррарӣ идома дорад.

Ҳамзамон вай қайд кард, ки сохтмони дигар иншоотҳои стратегӣ, аз ҷумла роҳҳо низ вусъат ёфта истодааст.

Ба таъкиди Зувайдзода, ҳоли ҳозир, сохтмони роҳҳои Душанбе-Бохтар,  Душанбе – Нуробод ва ғайра бо суръат идома дорад.

"Мо комиссия ташкил кардем ва то ҳол ягон мушкилот дар рафти сохтмони иншоотҳои стратегӣ ошкор накардем", - зикр кард Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
иншоот, идома, сохтмон, Роғун, НБО Роғун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ