16:56 25 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2035 0 0

Теъдоди умумии қурбониён ва сироятёфтагони маризии сироятии коронавирус дар Италия ба 47 ҳазор нафар баробар аст

ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Танҳо давоми як шабонарӯз дар Италия дасти кам 627  дардманди коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки  ин даҳшатбортарин рекорди ҷаҳонӣ мебошад.

Шумораи қурбониёни коронавирус дар Италия ҳар рӯз як рекорди ғамангезро ба даст овард - 627 нафар ҷон доданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Шумораи дардмандони коронавирус дар Русия ба 253 нафар расид

Ба иттилои роҳбари Хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ Анҷело Боррелли, теъдоди шифоёфтагон низ афзоиш ёфтааст.

Зимнан, дар Италия теъдоди умумии қурбониён марзи 3 ҳазор нафарро убур намудаст, ки ин нишондод аз шумораи қурбониёни Чин ҳам бештар аст.

"Имрӯз мо шифоёбии 689 нафарро сабт кардем ва шумораи умумии сиҳатёфтагон ба 2112 нафар расид. Айни замон, тақрибан 38 ҳазор шаҳрвандони Италия аз маризии сироятии коронавирус сироят ёфтаанд. Рӯзи панҷшанбе беш аз 4500 нафар сироят ёфтаанд дар ҳоле, ки қаблан шумораи онҳо ба 3 ҳазор нафар баробар буд".

Миқдори умумии қурбониёни COVID-19 дар Италия 4,032 нафарро ташкил дода, як рӯз пеш 427 фавт ба қайд гирифта шуд ва рекорди баландтарин рӯзи чоршанбе ба қайд гирифта шуд - 475 парванда дар як рӯз.

Тибқи иттилоъи Боррелӣ, шумораи умумии сироятҳо, аз ҷумла онҳое, ки фавтидаанд ва барқарор шудаанд, аз 47 ҳазор гузаштааст.

Барчаспҳо:
фавт, Чин, Италия

Мавзӯъҳои асосӣ