04:46 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
2610 0 0

Иддае аз ҳудуди 360 нафари қарантинашуда дар Маркази саломатии шаҳрии №1, маъруф ба “Советский” – и Душанбе аз таъхир дар рухсат шудани худ шикоят доранд

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Яке аз ин афрод, ки нахост номаш бурда шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мӯҳлати қарантинаи онҳо, ки 14 рӯз буд, анҷом шудааст, аммо мақомот дар рухсатии онҳо таъхир мекунанд.

"Ҳеҷ шарҳе нест. Охир, мо 14 рӯз ин ҷо хаста шудем, чун вақте аз Русия омадем, рост ҳамин ҷо оварданд. Мегӯянд, ки як – ду нафар тасф баровардаанд ва бояд ҳамаро нигаҳ доранд, то маълум шавад, чӣ хабар аст" – гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Дастури қатъии вазорат: пеш аз сафар "дезинфексия" кунед

Дар шарҳи ин мавзӯъ Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазир ва раиси Ситоди ҷилавгирӣ аз "вируси тоҷдор" – и вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели таъхир дар рухсат додани афроди таҳти қарантина дар ин марказ санҷиши дубораи вазъи саломатии онҳо аст.

"Хушбахтона, вазъи ҳеҷ яке аз онҳо хатарнок нест. Ягон ҷои нигаронӣ ҳам вуҷуд надорад, аммо, тибқи қоидаи қарантина, онҳо бояд дубора ташхис шаванд. Ҳоло мо ин корро мекунем ва то бегоҳ анҷом хоҳем дод. Дигар ин, ки афроди мазкур паиҳам тайи ду рӯз ба марказ оварда шудаанд ва қисмати умдаи онҳо бояд рӯзи дигар рухсат шаванд. Ба хотири эҳтиёт мо тасмим гирифтем, ҳамаро якҷоя рухсат кунем", - гуфт Мирҳамуддин Камолзода.

Бо рухсат шудани 360 нафар аз Маркази саломатии шаҳрии №1, маъруф ба "Советский" – и Душанбе теъдоди қарантинашудаҳо дар Тоҷикистон бамаротиб коҳиш хоҳад ёфт. Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, танҳо тайи як шабонарӯзи ахир 278 нафар марокизи қарантинаро тарк кардаанд ва ҳоло 3176 дигар бистариянд.

Бино ба ин манбаъ, аз 1 феврал то 4 апрели соли равон ҳудуди 6468 нафар таҳти қарантина қарор гирифта, 3 292 нафар рухсат шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ