02:11 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (474)
277420

Бемори коронавирус, ки авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи он дар шаҳри Вуҳан хабар доданд, имрӯз қариб тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, кучактарин давлатҳое мондаанд, ки ба онҳо роҳ наёфтааст

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Бар пояи маълумотҳои ахир коронавирус дар беш аз 200 кишвари ҷаҳон паҳн гашта, то кунун беш аз 2 миллиону 158 ҳазор нафар гирифтор ва 144 ҳазору 221 нафар фавтидаанд.

Кишварҳое ки дар онҳо расаман коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, хеле кам мондаанд, ки бештарашонро ҷазираҳо ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон ва Туркманистон ду кишвари пасошӯравист, ки дар он коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст.

Ин беморӣ дар Кореяи Шимолӣ низ ба қайд гирифта нашудааст, ки мутахассисон сабаби инро дар хуруҷу вуруди ниҳоят маҳдуди  шаҳрвандони ин кишвар ва хориҷиён ба ин  сарзамин унвон кардаанд.

Тавсияҳои қатъии СҶБ ба тоҷикистониён: аз оғӯшгирию бӯсобӯсӣ ва дастфишорӣ худдорӣ кунед

Ҳачунин дар қатори ин се давлат як қатор кишварҳои африқоӣ ва давлатҳои ҷазиравӣ аз қабили  Яман, Кирибати (ҷазира), Вануату (ҷазира), Ҷазираҳои Комор, Конго, Лесото, Ҷазираҳои Маршал, Микронезия(ҷазира), Науру(ҷазира), Палау (ҷазира), Самоа (ҷазира), Ҷазираҳои Соломон, Тувалу (ҷазира).

Мутахассисон сабаби кам хуруҷ кардани беморӣ ба кишварҳои африқоиро дар гармо мебинанд, ки ба гуфти онҳо ин вирус дар ҳарорати баланди гарми имкони зиёд зинда монданро надорад.

Дар Тоҷикистон коронавирус нест

Тоҷикистон низ яке аз кишварҳоест, ки дар он коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст, ки мутахассисон сабабҳои онро гуногун шарҳ медиҳанд.

Насим Олимзода, вазири Тандурустии Тоҷикистон дар шарҳи набуди коронавирус дар кишвар гуфт,  омили асосӣ дар ин самт чораҳои барвақтии андешидашуда ва қарантинкунии кулли шахсони ба кишвар воридшуда мебошад.

Маъруфҷон Мадаминов, мудири озмоишгоҳи вабои Маркази ҷумҳуриявии пешгирии вабо, қарантина ва бемориҳои сироятии махсусан хавфноки Вазорати тандурустии Ӯзбекистон низ гуфт, Тоҷикистон барои пешгирии ин вирус чораҳибарвақтӣ андешид, бинобар ҳамин то ҳол дар ин кишвар ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин  Эдуард Полетаев роҳбари Фонди ҷамъиятии "Дунёи Авроосиё" (Қазоқистон) низ сабаби ба ду кишвари Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ва Туркманистон роҳ наёфтани коронавирусро шарҳ дода гуфт, онҳо пеш аз ҳама, дар қаъри қитъа ҷойгиранд ва сокинони онҳо кам ба хориҷ мераванд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт расман набуди коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кард

Коршинос гуфтааст, Қазоқистон ва ҳатто Ӯзбекистон бо ҷаҳони хориҷа робитаи хубе доранд ва ҳавопаймоҳои маҳаллияшон низ хуб фаъол аст, ки ин ҳолат дар Тоҷикистон ва Туркманистон маҳдудтаранд.

"Тоҷикистон хело  хушбахт аст, зеро қисми зиёди шаҳрвандонаш дар хориҷи кишвар кор мекунанд. Аммо инҳо одамон ҳастанд - асосан оддӣ ва меҳнатдӯст. Коронавирусро ба минтақа одамони тавоно оварданд”,- гуфт Полетаев.

Праздничный концерт в Худжанде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Гузашта аз ин, Қазоқистон як давлати транзитӣ барои бақияи кишварҳои Осиёи Марказист (молҳо, борҳо ва муҳоҷирони корӣ тавассути Қазоқистон ба Русия интиқол меёбанд), ки аввалин шуда сарҳадро баст ва бо ин роҳ амнияти кишварҳои дигари минтақаро таъмин кард, мегӯяд сиёсатшинос.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.

 

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (474)
Барчаспҳо:
Чин, вирус, Туркманистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ