03:06 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
177 0 0

Шумори зангҳои телефонии шаҳрвандони Тоҷикистон, ба рақамҳои кӯтоҳи фаврӣ оид ба масоили марбут ба коронавирус камтар гаштааст  

ДУШАНБЕ, 19  июн — Sputnik.  Шумораи зангҳо ба рақамҳои кӯтоҳи 311 ва 511 кам шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, қаблан танҳо дар як шабонарӯз ба телефони боварии 311 беш аз 2 ҳазор занги телефонӣ қабул мешуд.

Гуфта мешавад шумори зангҳо ба маротиб кам шуда, ҳоло бошад, ин рақам ба  489 расидааст.

Ёдовар мешавем, дар назди Вазорати тандурустӣбо мақсади сари вақт пайдо намудани гирифторони COVID-19  ва ба табобат фаро гирифтани онҳо сар аз 27 март телефонҳои боварӣ бо рақамҳои 511 ва 311 ташкил шудаанд.
Вазорати тандурустӣ дар пайи ташкили рақмҳои фаврӣ гуфт, мақсад аз ташкили телефони боварӣ, қабул намудани  муроҷиати шаҳрвандон ва  фавран расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар назди марказҳои саломатии шаҳри Душанбе мебошад.
Ҳарду хатти телефони боварӣ 24 соат дар як шабонарӯз барои огоҳӣ ва кӯмак расонидан ба аҳолӣ кор мекунанд.

Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрел сабт шуд.

Хушхабар: аз 25 - июн парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон оғоз меёбанд

То 18 июн дар кишвар 5279 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID -19 ошкор гардидааст.

То кунун аз ин беморӣ дар Тоҷикистон 3762 (71.2%) нафар шифо ёфта, аз ин беморӣ 51 нафар фавтидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ