12:21 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Тандурустӣ
Гирифтани линки кӯтоҳ
133 0 0

Дар Русия боз як ваксинаи зидди коронавируси сохти маркази Чумаков сабти ном шудааст

ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. "КовиВак"саввумин ваксинаи сохти Русия мебошад ва он низ ба қайд гирифта шудааст, изҳор дошт сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин.

Муайян карда шудааст, ки истеҳсоли ваксина дар ояндаи наздик роҳандозӣ хоҳад шуд.

Аввалан 120 ҳазор вояи ваксина аз маркази Чумакови Русия дар миёнаи моҳи марти соли равон ба муомилоти шаҳрвандӣ ворид хоҳад шуд.

Қарор аст, ки тақрибан 3 ҳазор нафар дар марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникии ваксина ширкат варзанд.

Хабар дода мешавад, ки дар ҷараёни озмоишҳои клиникӣ, ваксинаи нави "КовиВак"бехатарӣ ва самаранокии худро нишон дод.

Ваксинаи Маркази Чумаков барои одамони аз 18 то 60 - сола тавсия дода мешавад ва пас аз марҳилаи дуюми озмоишҳои клиникӣ истифодаи онро васеъ кардан мумкин аст.

Муқоисаи ваксинҳои коронавирус - тасвирбаён

Ҳамин тариқ, дар ояндаи наздик Маркази Чумаков ният дорад, ки бо ваксини сабтиномшуда ба бозорҳои байналмилалӣ ворид шавад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки "КовиВак" як ваксинаи комили зиддивирусӣ аст.

Дар чунин доруҳо вирусҳои ба таври сунъӣ сустшуда, ки боиси беморӣ шуда наметавонанд ё вирусҳои аллакай нобудшуда (ғайрифаъолшуда) -ро истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2020 Вазорати тандурустии Федератсияи Русия аввалин ваксина ("Спутник V)"-ро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19, ки онро Маркази илмии электрохимия ва технологияи Гамалея таҳия кардааст, сабт кард.

Баъдтар, ваксинаи сохти маркази "Вектор" -и Роспотребнадзор - "EpiVacCorona" ба қайд гирифта шуд.

Ин ваксина бо арактогенӣ ва бехатарии баландтаринаш хос аст.

Ҷалолӣ: тавлиди “Спутник V” дар Эрон метавонад ниёзи кишварҳои ҳамсояро низ бартараф кунад

Роспотребнадзор гуфт, ки ду ваксинаи аввал, алалхусус, бар зидди штамми "бритонӣ" -и коронавирус муассиранд.

Барчаспҳо:
вируси корона, Русия, ваксина

Мавзӯъҳои асосӣ