05:47 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Пойҳо, акс аз бойгонӣ

Зани ҷавонашро дар хиёнат бо дӯсташ муттаҳам кард: гузориши ВУД аз рашки фоҷиабор – видео

© CC0 / Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
3708 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сокини шаҳри Хуҷандро, ки муваққатан бо ҳамсараш дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекардааст, дар одамкушӣ муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса дар ноҳияи Вахш ҳафтаи гузашта рух додааст.

Манбаъ иттилоъ дод, ки маъмурини милиса дар ноҳияи Вахш Шукин Алексейи 39-сола,  зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷандро боздошт кардаанд, ки дар қатли ҳамсараш муттаҳам мешавад.

ВУД мегӯяд, Шукин ҳамроҳи ҳамсараш Марям Муллоҷоноваи 28-сола муваққатан дар ноҳияи Вахш, ҷамоати Тоҷикобод, деҳаи Ҳаваскор зиндагӣ ва дар як корхонаи маҳсулоти сементӣ кор мекардаанд.

Шаби 9 июн тахминан соати 2 миёни муттаҳам ва ҳамсараш муноқиша сар задааст, ки дар натиҷа Шукин ҳамсарашро латукӯб карда, бо корд чанд зарба задааст.  Муллоҷонова аз хунравии зиёд дар ҷои ҳодиса ҷон додааст

Муттаҳам дар гузориши ВУД мегӯяд, ба ин ҷиноят дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти рашк даст задааст. Шукин гуфт, ҳамсарашро дар хиёнат бо дӯсташ муттаҳам карду дар пайи муноқиша корд задааст. Ӯ афзуд, ки бо ҳамсараш 10 сол зиндагии муштарак доштаанд.

Додситонии ноҳияи Вахш алайҳи Шукин бо моддаи одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ