14:33 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Продавец в магазине считает сдачу

Боздошти пирамард барои мардумфиребӣ: пул мегирифту ваъда медод хона харида медиҳад

© Sputnik / Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
787 0 0

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе марди 62-солаеро дарстгир намуданд, ки дар мардумфиребӣ гумонбар дониста шудааст

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон, ахиран аз сӯи кормандони милитсия марди 62-сола дастгир шуд, ки дар фиребкории ду сокини пойтахт айбдор мешавад.

Тавре манбаъ, зикр кардааст аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 62-солаи сокини пойтахт, 28 декабри соли 2012, бо роҳи фиреб ба боварии зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои харидорӣ намуда додани манзили истиқоматӣ аз ӯ 113 ҳазор сомониашро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Тарки одат балои ҷон: Абдумаҷид баъди суд шудан боз мардумфиребӣ кард

Инчунин номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо марди 41-солаи сокини пойтахт, моҳи июни соли 2001, бо роҳи фиреб ба боварии марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, барои харидорӣ намудани хонаи 3-ҳучрагӣ аз ӯ 176 ҳазор сомониашро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Хонафӯруши қалбакӣ дастгир шуд

Дар ҳоли ҳозир нисбати номбурда кормандони милитсия тафтишотро идома доранд.

Барчаспҳо:
ВУД ҶТ, фиреб, пирамард, мард, дастгиршавӣ, мардумфиребӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ